Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп барои ҳамлаи "кимиёвӣ" Башшор Асадро "ҳайвон" номид. ВИДЕО


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳукумати ин кишвар ва Эронро барои ҳамлаи ба гуфтаи ӯ “беақлонаи кимиёвӣ” аз тарафи нерӯҳои Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия танқид кард.

Ба гуфтаи ӯ дар ин ҳамла дар шаҳри муҳосирашудаи Думо “афроди зиёде ба шумули занону кӯдакон” ҳалок шудаанд. Ӯ рӯзи 8-уми апрел дар Твиттер навишт: “

Раиси ҷумҳур Путин, Русия ва Эрон барои ҳимоят аз Асади ҳайвон ҷавобгаранд. Баҳои гароне мепардозанд”

Пештар аз ин гузориш шуд, ки ​дар натиҷаи ҳамлаҳои эҳтимолии кимиёвӣ дар шаҳри Думо дар Сурия даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Созмони Дифои Мадании Сурия, аз гурӯҳҳои имдодии наздик ба мухолифони давлат ва дигар фаъолон мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ бомбҳои хӯшаии дорои гази кушандаро рӯзи 7-уми апрел дар минтақаи Ғӯтаи шарқӣ бо чархбол партоб кардаанд ва даҳҳо нафар нафасгиру заҳролуд шудаанд.

Бино ба гузоришҳои гуногун дар ин ҳамлаҳо аз 40 то 70 нафар ҷон додаанд. Созмони Дифои Мадании Сурия мегӯяд, аз даҳони осебдидагон кафк меомад, ки нишонаи заҳролуд шудан аз гази кушанда аст.

Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Хабарҳо дар ин заминаро то кунун манобеи мустақил таъйид накардаанд. Матбуоти давлатии Сурия ва артиши Русия ин гузоришҳоро сохта номидаанд.

Аммо Доналд Трамп гуфт, ки нерӯҳои Башшор Асад, ба маъмурони тиббӣ ва нозирони байналмилалии аслиҳаи кимиёвӣ иҷоза надодаанд, ки ба Думо бираванд. Ӯ дар Твиттер навишт:

“Минтақаи ҷиноят баста ва аз тарафи артиши Сурия муҳосира шудааст ва он комилан ба ҷаҳони беруна дастнорас аст. Минтақаро барои кӯмакҳои тиббӣ ва тафтиш фавран боз кунед. Як фалокати дигари башарӣ. Бисёр бад аст."

Аз ин пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, гузоришҳои “ниҳоят изтиробангез” дар бораи эҳтимоли истифодаи “ваҳшатноки” аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи нерӯҳои Сурияро пайгирӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури хориҷии Амрико агар ин гузоришҳо собит шаванд, Русия бояд барои он ҷавоб бигӯяд.

Ҳезер Ноэрт, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 7-уми апрел зимни як баёнияи гуфт, “Ҷое баҳс надорад, ки режими Сурия собиқаи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ ба зидди мардуми худашро дорад.

Русия бо кӯмаки собит ба ин режим, дар ниҳоят масъулияти ҳамла бо аслиҳаи кимиёвӣ ба мардуми бешумор дар Сурияро бар дӯш хоҳад дошт.” Вай афзуд, Русия бо ҳимоят аз Сурия, мухолифи тааҳудоташ ба Созмони Милал рафтор мекунад.

Ҳезер Ноерт
Ҳезер Ноерт

Ҳезер Ноэрт дар идома гуфт, “Иёлоти Муттаҳида аз Русия мехоҳад, ҳимоят аз Сурияро фавран хотима дода ва барои пешгирӣ аз идомаи ҳамлаҳои барбарона бо аслиҳаи кимиёвӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад.”

Пештар аз ин баёния як гурӯҳи ошӯбгарони Сурия ва муассисаҳои байналмилалии имдодӣ рӯзи 7-уми апрел гуфтанд, ки нерӯҳои давлатии Сурия дар Ғӯтаи шарқӣ дар як маҳаллаи муҳосирашуда дар канораи шаҳри Димишқ ба сари мардуми ғайринизомӣ бомби дорои маводи кимиёвӣ андохтаанд.

Ҷамъияти муштараки тиббии Сурияву Амрико – як гурӯҳи хайрияи тиббӣ гуфт, ки як бомби хлориро ба шифохонаи Думо андохта ва 6 нафарро куштаанд. Ба гуфтаи ин созмон, ба як бинои дигаре бо гази фалаҷкунандаи асаб ҳамла кардаанд.

Басел Терманини, раиси ин ҷамъият, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, дар натиҷаи ҳамлаҳои кимиёвӣ дасти кам 35 нафар кушта шудаанд.

Созмони Дифои Мадании Сурия маъруф бо номи Кулоҳсафедон низ иддао кард, ки аломатҳои истифода аз аслиҳаи кимиёвиро дидааст. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки дурустии ин гузоришҳоро мустақилона маълум карда наметавонад.

Матбуоти давлатии Сурия гузоришҳо дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвиро рад карда ва гуфтанд, ки ошӯбгарони Думо дар ҳоли шикаст ҳастанд ва барои ҳамин хабарҳои дурӯғ паҳн мекунанд. Русия гуфт, ин хабарҳоро бо ҳадафи истифодаи нерӯи хориҷӣ ба зидди ҳукумати Сурия паҳн мекунанд.

Артиши Сурия ва муттаҳидони он ҳоло ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ ба Думоро тақвият додаанд. Онҳо рӯзе аз ин пеш дар зарбаҳои ҳавоӣ ба як паноҳгоҳи ошӯбгарон дар наздикии Димишқ камаш 40 нафарро куштанд.

Хабаргузории давлатии САНА гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ посух ба тирандозиҳои гурӯҳи Ҷаиш ал-Ислом ба манотиқи таҳти контроли нерӯҳои ҳукуматӣ буд. Ҷаиш ал-Ислом Думоро зери назорат дорад. Мақомоти низомии Русия ва Сурия мегӯянд, нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва муттаҳидонаш, тақрибан ҳамаи Ғӯтаи шарқиро аз дасти ошӯбгарон гирифтаанд ва баъзе аз гурӯҳҳои боқимонда дар шаҳр паноҳ бурдаанд.

Инҷо Ғӯтаи шарқист.
Инҷо Ғӯтаи шарқист.

Дар рӯзҳои гузашта бар асоси тавофуқи ҳосилшуда бо миёнҷигарии Русия ҳазорон нафар Думоро тарк карданд, вале баъди аз ҳам пошидани музокирот дар рӯзи 5-уми апрел интиқоли мардум ба ҷойи амн қатъ шуд.

Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, мегӯяд, аз рӯзи 18-уми феврал, аз замони шурӯи амалиёти нерӯҳои давлатии Сурия ва муттаҳидони он дар Ғӯтаи шарқӣ 1600 нафар кушта шудаанд ва ҳазорон тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҷим Маттис, вазири дифои Амрико рӯзи 11-уми март ба Сурия ҳушдор дод, ки дар сурати истифодаи гази кимиёвӣ дар ҷанг кори “бисёр бехирадона” мекунад ва Русияро барои пуштибонаш аз ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад, сахт танқид кард.

Моҳи апрели соли 2017 баъди онки нерӯҳои Сурия дар шаҳри Хон Шайхун ба зидди ошӯбгарон гази кушандаи “зарин” ба кор бурда, даҳҳо нафарро куштанд, артиши Амрико бо амри раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо мушакандозӣ як пойгоҳи низомии Сурияро нобуд карданд.

XS
SM
MD
LG