Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия, Русия ва Эрон барои оромии вазъ дар Сурия ӯҳдадор шуданд


Дар паи музокирот дар Анкара президентони Эрон, Туркия ва Русия ӯҳдадор шуданд, ки талошҳо барои истиқрори оромӣ дар Сурияро суръат мебахшанд. Президентони Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Русия – Владимир Путин ва Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ ба ин хулоса расиданд, ки хатми низоъ танҳо тавассути музокираҳои сиёсӣ ба даст меояд.

Ин нукта дар матни изҳороти муштараки президентон нашр шудааст, ки дар вебсайти Рӯҳонӣ ҳам 4 апрел чоп шуд. Дар давоми камтар аз ним соли охир бори дуюм аст, ки Эрдуғон музокироти сеҷониба бо президентони Эрону Русияро дар мавзӯи Сурия даъват мекунад. Се раҳбар гуфтанд, ки дар амри “ҳимояи ҷони мардуми мулкӣ ва коҳиши домани низоъҳо талош мекунанд ва ҳам дар амри бозгашти амну бехатар ва босуръати мардум ба маконҳои зисти худ корҳое анҷом хоҳанд дод”.

Ин се кишвар дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия дахил ҳастанд ва ҳоло мегӯянд, ки талош доранд қаламравҳои ҷангиро коҳиш медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар як ин кишварҳо дар низои Сурия аз ҷонибҳои мухталиф тарафдорӣ мекунанд: Русияву Эрон аз ҳукумати президент Башор Асад ва Туркия аз мухолифони режими Сурия ҳимоят мекунанд. Аз ин пеш чандин музокирот дар мавзӯи Сурия дар Остонаи Қазоқистон ҳам баргузор шуд, дар ҳоле, ки СММ ва Женева барои истиқрори сулҳ дар Сурия музокироти худро ташкил кардааст.

XS
SM
MD
LG