Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми апрел эълон кард, ки нерӯҳои амрикоӣ ба "нуқтаи поёни маъмурияти худ" дар Сурия расидаанд ва хеле ҳам зуд аз онҷо хориҷ хоҳанд шуд, аммо бо ин вуҷуд то "шикасти комили нерӯҳои гурӯҳи ДИИШ дар Сурия боқӣ хоҳанд монд."
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико қаблан гуфта буд, ҳамаи ду ҳазор нерӯи низомии ИМА дар Сурия аз ин кишвар хориҷ шуда ва ба Амрико боз хоҳанд гашт. Оқои Трамп пеш аз ин ҳам чунин изҳороте баён карда буд.
Фармондеҳи нерӯҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна рӯзи сешанбеи ин ҳафта гуфта буд, бахше аз кор барои барқарории субот, бар ӯҳдаи нерӯҳои низомии амрикоӣ аст.
Бар пояи гузоришҳо, пас аз мулоқоте, ки Доналд Трамп рӯзи сешанбе бо масъулони амнияти миллии Амрико дошт, сухангӯи Кохи Сафед низ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки маъмурияти нерӯҳои амрикоӣ барои аз байн бурдани ДИИШ дар Сурия наздик шудааст. Вай афзуд, Амрико ва муттаҳидонаш "ӯҳдадор ҳастанд боқимондаҳои ДИИШ-ро дар Сурия аз байн баранд."
Кохи Сафед дар баёнияе кӯтоҳе гуфт, "бинобар поксозии минтақа аз аъзои гурӯҳи ДИИШ, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар паҳлӯи муттаҳидони курд ва ниманизомиёни араб, дигар мантиқӣ нахоҳад буд". Дар ин баёния ҳамчунин гуфта мешавад, "Амрико ва муттаҳидонаш вазифадор ба поксозии комили гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ҳастанд, ҳарчанд миқдори каме аз ин нерӯҳои ДИИШ ҳанӯз боқӣ мондаанд."
Ҳафтаи гузашти Доналд Трамп гуфт, "мо хеле зуд аз Сурия хориҷ хоҳем шуд". Суханони оқои Трамп дар таноқуз бо сиёсати куллие буд, ки Амрико дар январи соли ҷорӣ ба он ишора карда ва гуфта буд, нерӯҳои амрикоӣ ба суботи минтақа пас аз шикасти ДИИШ кӯмак карда ва нуфузи Амрико дар Сурияро бештар хоҳанд кард.
Рекс Тиллерсон, вазири хориҷии қаблии Амрико он замон гуфта буд, нерӯҳои амрикоӣ барои пешгирӣ аз бозгашти гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "Ал-Қоида" ва барои муқобила бо нуфузи Эрон дар Сурия, дар ин кишвар боқӣ хоҳад монд. Оқои Тиллерсон ҳамчунин ҳушдор дода буд, ки ҳар гуна хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия дасти ҳукумати Башор Асад барои анҷоми хушунатҳои алайҳи мардум ин кишварро боз мегузорад.
Ҳарчанд, ки оқои Трамп Рекс Тиллерсонро аз кор барканор кард, аммо нерӯи дипломатӣ ва низомии Амрико барои пешбурди стратегияи Вашингтон ва барқарории субот дар шарқи Сурия фаъолият мекунанд. Фармондеҳи нерӯҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна рӯзи сешанбеи ин ҳафта гуфта буд, бахше аз кор барои барқарории субот, бар ӯҳдаи нерӯҳои низомии амрикоӣ аст.
Хама президентхо дар давраи рохбариаш чиноятхои бисёр мекунанд. Бо сабаби президент буданаш чора намеандешанд. Давлати мо низ аз ин чиз ори нест. Коррупсияи хешутабори.
Шерзамонов барои ман ту як ватанфурушӣ
Захирахои давлати аз они оила
Фочиаи Рушон, Хоруг ва тамоми кухистон ин кори дасти нохаки командаи ятими - сагира ва рахими драмма хаст, бо тарафдории диктатори точик рахмон. хатто писараш рустамро ба ин Корхо алалаш намекунанд, каар аш гуфта. ин алими шерзамон рост мегуяд, агар ин хел кудрат медошт, аккалан Бархоруг гашро начот медод. Дур ва гуреза хаст, ки гушаш мекунад? хамчунин ин хонум ва Холбашро. мардум монда ва зб шидаги аз ин солдатхои ярокдор дар назди дари хонааш, аз порахурии суду прокурор, он чо пул хам нест, ки пора тиханд. и раисони стулакдуст бояд отставка раванд, чунки дастонаш дар рехтани хуни нохаки инсонхои мулки ва солдатхои бегунох ифлос хаст.. хозир заданд мардума, бовари дорам, онхо боз мехезанд ба хотири арвохи куштагон ва дар зиндон будагони хешу ошнояш, и даф бо ери хамсоягони он Су.
Ҳақиқат мисли рӯз равшан аст. Ҳама мардуми Тоҷикистон огоҳ ҳастанд, ки дар Бадахшон интернет кор намекард. Ин фоҷиаҳо натиҷаи зулму ситами ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон аст. Бекорию бебарқӣ ва дар Русия дарбадар шудани халқи мазлуми тоҷик ба ҳама маълум аст. Ин ҳукуматдорони золим халқи бегуноҳи камбизоатро қатли ом мекунанд ва боз мехоҳанд худро бегуноҳ ҷилва диҳанд.