Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоӣ дар Ғутаи Шарқӣ чиҳил кушта бар ҷой гузошт


Ҳамлаҳои ҳавоӣ як бори дигар минтақаи Ғутаи Шарқии Сурияро ҳадаф қарор доданд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 7-уми апрел аз кушта шудани 40 ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон хабар дод. Ба қавли масъулони созмон, асосан шаҳраки Доума ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ин гуруҳ, чиҳил ғайринизомӣ бо шумули ҳашт кӯдак дар ин ҳодиса ҷон бохтанд. Ҳукумати Сурия пас аз тақрибан даҳ рӯз, 6-уми апрел бомбаборони шаҳраки Доумаро аз сар гирифтааст. Доума охирин минтақаи таҳти назорати мухолифони ҳукумати Башор Асад дар наздикии Димишқ аст.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба дунболи шикасти музокироти таҳти ҳимояти Русия дар мавриди интиқоли шӯришиён аз ин минтақа ба ҷои дигар шуруъ шудааст. Нирӯҳои Сурия ба ҳимояти Русия ба ҷуз аз Доума тақрибан ҳамаи минтақаҳои атрофи Димишқро тасарруф кардаанд. Аъзои гуруҳи “Ҷайш-ул-ислом” дар миёни ҳазорон ғайринизомӣ дар ин маҳал таҳти муҳосира ҳастанд.

Маскав дар аввали моҳи апрели имсол муомилаи интиқоли шӯришиён ва ғайринизомиҳо аз шаҳраки Доума ба ҷои дигарро эълон кард. Бар асоси он дар зарфи се рӯз наздик ба се ҳазор ҷангҷӯ ва ғайринизомӣ ба шимоли Сурия фиристода мешуданд.

XS
SM
MD
LG