Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати СММ: Эрон ба ҳусиҳои Яман мушаку бесарнишин додааст


Як ҳайати Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Эрон шӯришиёни ҳусӣ дар Яманро бо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин карда, таҳримҳои ин созмонро нақз намудааст. Ин матлаб рӯзи 12-уми январ баён шуд.

СММ гуфт, коршинсон дар моҳи ноябр ва декабри соли гузашта ба Арабистони Саудӣ рафта, боқимондаи мушакҳои партобшуда аз тарафи ҳусиҳоро баррасӣ кардаанд. Ин ҳайат гуфтааст, дар натиҷаи таҳқиқот ба онҳо рӯшан шуд, ки ин мушакҳо дар Эрон сохта шудаанд.

Бар асоси гузориши ҳайати Созмони Милали Муттаҳид, силоҳҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба таври мустақим ва ғайримустақим пас аз он ба шӯришиёни ҳусӣ дода шудааст, ки Созмони Милал соли 2015 фурӯш ва таҳвили онро ба Яман манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG