Полковники тоҷик Хайриддин Аҳтамов дар марз кушта шуд. Нотаи Тоҷикистон ба Афғонистон
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ ё нота аз мақомоти Афғонистон тақозо кардааст, ки задухӯрди шаби 2-юми декабр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ)-ро ҷиддан таҳқиқ кунанд. Мақомот гуфтанд, ки ин задухӯрд дар пайи вуруди 12 қочоқбари афғон ба хоки Тоҷикистон сар зада, дар натиҷаи он полковник Хайриддин Аҳтамов, сардори як қисми марзбонӣ кушта шудааст. Дар ин ҳодиса чаҳор сарҳадбони дигари тоҷик захмӣ гардида, дар бемористон бистарианд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир