Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айнӣ: Сангреза роҳро баст. Ҷасад – дар нимароҳ


Айнӣ: Сангреза роҳро баст. Ҷасад – дар нимароҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Сокинони деҳаи Шаватки ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ рӯзи 26-уми ноябр роҳи деҳаашонро бо дастони худ аз сангреза тоза кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки бояд ҷасади яке аз ҳамдеҳаашон аз тарафи шаҳри Душанбе барои гӯру чӯб ба зодгоҳ бурда мешуд ва онҳо фурсати интизор шуданро надоштанд. Рӯи якшанбе дар ин мавзеъ барф меборид. Сокинони деҳаи Шаватки ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, як сокини ин деҳа бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе фавтид ва рӯзи 26-уми ноябр даҳҳо нафар барои иштирок дар ҷаноза ба самти деҳа ҳаракат доштанд, вале тариқи мошин натавонистанд, то деҳа бирасанд. Онҳо гуфтанд, ки 56 мошин дар роҳ банд буд ва то бегоҳи 26-уми ноябр ин роҳ барои нақлиёт баста монд. Рӯзи якшанбе дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон жола ва дар баландкӯҳҳо барф борид. Корбарони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаби гузашта дар роҳи Хуҷанд-Душанбе низ барф борида, ҳаракат дар ин масирро мушкил кардааст. Як гурӯҳ аз ронандаҳо низ гуфтанд, ки ба иллати барфрезӣ дар кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнӣ дармондаанд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG