Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Сарвиноз тасмим гирифт, се фарзандашро ба интернат супорад?


Чаро Сарвиноз тасмим гирифт, се фарзандашро ба интернат супорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Сарвиноз Раҷабова, сокини ноҳияи Ёвон, бо сабаби камбизоатӣ тасмим гирифтааст, ки се фарзандашро ба хона-интернат супорад. Ӯ гуфт, фарзанди дувумаш Бобоҷон 12-сола шуд, вале ҳанӯз паси мизи мактаб наништааст. Шавҳари Сарвиноз дар Русия зиндонӣ шуд ва ӯро телефонӣ талоқ дод. Модараш дар муҳоҷират аст ва падараш барвақт даргузаштааст. Ҳоло ӯ ҳамроҳи фарзандон муваққатӣ дар манзили яке аз хешовандон дар Душанбе зиндагӣ дорад. Тафсилоти бештарро дар ин навори видео бибинед. PS: Пас аз нашри ин видео чанде аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ навиштанд, ки чи гуна метавонанд ба Сарвиноз Раҷабова ёрӣ кунанд. Сарвиноз гуфт, ки худаш телефон надорад. Хоҳиш кард, ҳар касе нияти кумак ба онҳоро дорад, тавассути телефони яке аз дӯстонаш бо шумораи (+992) 501 20 36 36 тамос бигирад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG