Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон – Кӣ чӣ дорад? То 2020 хона ва ҷиҳози сокинон ҳисоб мешавад


Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои шумориши аҳолии кишвар то соли 2020 як кумисюни вижа таъсис додааст. Қарори ҳукумат дар ин робита ҳанӯз 7-уми сентябр содир шуда, нусхааш рӯзи 1-уми октябр ба дасти Радиои Озодӣ расид.

  • Бино ба ин қарор, Тоҷикистон бар замми шумориши аҳолӣ ният дорад, манзили сокинон ва молу ашёи зарурии рӯзгор ба мисли телевизиону мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак ва яхдонҳоро ҳисоб кунад. Мақомот то ҳол ин тасмими худро шарҳ надодаанд.
Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунад, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2100 ба ҳаждаҳуним миллион нафар хоҳад расид.

Нуфусшуморӣ як маъракаи хеле пурхарҷ аст ва гуфта мешавад, барои гузарондани он дар Тоҷикистон дар соли 2020 кишвар ба 2 миллион доллар эҳтиёҷ дорад. Тоҷикистон барои гузарондани ин маърака аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Бунёди нуфуси Созмони Милал пул дарёфт мекунад, аммо худи кишвар низ уҳдадор аст, то 15 дарсади харҷи нуфусшумориро аз буҷет пардохт намояд.

Дар соли 2019 аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 9 миллион мерасад

Тоҷикистон мисли ҳар кишвари дигари узви Созмони Милали Муттаҳид вазифадор аст, ки дар даҳ сол як бор маъракаи нуфусшумориро баргузор кунад. Нуфусшумории охир дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифта буд, ки тибқи натоиҷи он аҳолии кишвар аз 7 миллиону 562 ҳазор нафар иборат буд.

Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунад, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2100 ба ҳаждаҳуним миллион нафар хоҳад расид. Ҷон Уилмос, мудири бахши нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид, ду соли қабл гуфт, бар асоси таваллудҳои зиёд дар Африқо ва Осиё дар нимаи асри 21 аҳолии ҷаҳон ду миллиард нафар зиёд мешавад.

Поёни маъракаи нуфусшуморӣ дар Тоҷикистон

Тибқи як пешбинӣ, ки ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва фаъолияташро то ду соли оянда бар асоси ҳамин пешбинӣ танзим мекунад, аҳолии кишвар дар соли 2019 ба 9 миллиону 245 ҳазор нафар хоҳад расид.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати демография ва омори иҷтимоии Оҷонсии омор, дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳар сол аҳолии Тоҷикистон 2,3 ва ё 2,4 дарсад афзун мешавад ва ин нишондод дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ баландтарин аст. Ӯ гуфт, ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад.

Афзоши босуръати аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст. Се миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон шахсони аз 1 то 14-соларо ташкил мекунад. Соли гузашта аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 551 ҳазор нафар ҳисоб шуда буд.

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG