Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар соли 2019 аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 9 миллион мерасад


Тибқи як пешбинӣ, ки ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва фаъолияташро то ду соли оянда бар асоси ҳамин пешбинӣ танзим мекунад, аҳолии кишвар дар соли 2019 ба 9 миллиону 245 ҳазор нафар хоҳад расид.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати демография ва омори иҷтимоии Оҷонсии омор, 5 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар сол аҳолии Тоҷикистон 2,3 ва ё 2,4 дар сад афзун мешавад, ки дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ нишондоди баландтарин аст. Ӯ гуфт, "дар Тоҷикистон суръати афзоиши аҳолӣ баланд аст ва онро “таркиши демографӣ” меноманд. Ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад."

Инки соҳибкорони алоҳида 10-15 ҷойи корӣ месозанд, барои мо кофӣ нест. Дар Тоҷикистон бояд корхонаҳои бузурги саноатӣ ба кор оғоз кунад, ки ҳазорон нафар дар он ҷойи кор пайдо кунанд.
Нуриддин Қаюмов

Ин ҳамсуҳбати мо дар Оҷонсии омор гуфт, бо роҳандозӣ шудани барномаи танзими оила дар солҳои охир суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон каме поин рафтааст.

Ҳар гоҳе омори афзоиши аҳолӣ дар расонаҳои Тоҷикистон ба нашр мерасад, ин суол ҳам рӯ мезанад, ки оё кишвар бо 7 дарсад қаламрави ҳамворӣ ва заминҳои корам имкони хӯрондану пӯшондани ҳамаро дорад? Нуриддин Қаюмов, профессор ва иқтисоддони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳо мегӯяд, дар сурати дуруст ба роҳ мондани кори кишоварзӣ Тоҷикистон имкони бо ғизо таъмин кардани аҳолии ду дафъа бештар аз ҳозираро дорад.

“Дар поёни солҳои Шӯравӣ бо супориши Госплан пажӯҳишгоҳи мо як тадқиқот гузаронд, ки Тоҷикистон чӣ қадар аҳолиро хӯронда метавонад? Тадқиқоти мо нишон дода буд, ки Тоҷикистон имкони бо ғизо таъмин кардани 25-30 миллион аҳолиро дорад. И

н натиҷаи тадқиқот бо назардошти пешрафти илми кишоварзӣ дар он солҳо буд. Ҳоло дар парвариши зироатҳо пешрафтҳои нав сурат гирифтаанд, ки имкон медиҳад ҳосили хеле бештар аз пештара рӯёнда шавад”, - шарҳ дод Қаюмов.

Афзоши босуръати аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст. Наздик ба се миллион (2 миллиону 938) нафар аз аҳолии Тоҷикистон шахсони аз 1 то 14-соларо ташкил мекунад. Дар даҳсолаи наздик ин артиши бузург вориди бозори кори кишвар хоҳанд шуд.

Аммо суръати афзоиши аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистон қобили муқоиса нест ва ин аст, ки шумораи ҷойҳои корӣ аз коргарон дида ба маротиб камтар аст. Нуриддин Қаюмов мегӯяд, агар дар фурсати наздик дар Тоҷикистон ҷойҳои нави корӣ эҷод нашавад, бекорӣ дар кишвар ба мушкили рақами як табдил хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, “ин ки соҳибкорони алоҳида 10-15 ҷойи корӣ месозанд, барои мо кофӣ нест. Дар Тоҷикистон бояд корхонаҳои бузурги саноатӣ ба кор оғоз кунад, ки ҳазорон нафар дар он ҷойи кор пайдо кунанд. Вагарна бо зиёд шудани аҳолӣ, мушкили бекорӣ рӯз ба рӯз ташвишовар хоҳад шуд. Муҳоҷират наметавонад роҳи ҳалли масъала бошад. Давлат бояд дар Ватан имкони кору зиндагиро фароҳам кунад барои ҳар як шаҳрванд.”

Мардикорбозори Душанбе
Мардикорбозори Душанбе

Бино ба ҳисоби охири Оҷонсии омор аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 551 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Омори ин оҷонсӣ баёнгари он аст, ки афзоиши аҳолии Тоҷикистон тайи соли охир тақрибан ба 200 ҳазор нафар дар як сол расидаааст. Дар ҳоле ки солҳои гузашта ба ҳисоби миёна аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 150 ҳазор нафар бештар мешудааст.

Нуфусшумории охир дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифта буд, ки тибқи натоиҷи он аҳолии кишвар аз 7 миллиону 417 ҳазор нафар иборат буд. Бар хилофи ақидаи роиҷ дар Тоҷикистон шумораи занон аз мардон дида ҳудуди 100 ҳазор нафар камтар будаанд. Ҳоло дар кишвар 4 миллиону 329 мардон ва 4 миллиону 222 ҳазор нафар занон ба сар мебаранд.​

XS
SM
MD
LG