Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи тоҷик" тасдиқ кард. Нархи нирӯи барқ 2.2 дирам боло рафт


Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Сокинони Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр барои ҳар киловатт соат нирӯи барқ тақрибан 17-дирамӣ пардохт хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир нархи ҳар киловатт соат нирӯи барқ барои аҳолӣ 14,65 дирам арзиш дорад.

Ҷузъиёти пешпардохти пули барқ дар Тоҷикистон​

Ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” аз нирӯгоҳи “Сангтӯда-1” беш аз 90 миллион доллар қарздор аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷуброни қарзҳои Русия нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро аз пардохти андоз озод кард.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 13-уми сентябр дар як эъломияи расмӣ гуфтанд, ки тасмим бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 29-уми август гирифта шудааст. “Аз рӯзи якуми октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт соат нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз (2.2 дирам) зиёд гардид”, - гуфта шудааст дар эъломияи расмии “Барқи тоҷик”.

Мақомоти ширкат гуфтаанд, ки афзоиши нархи нирӯи барқ барои аҳолии камбизоати кишвар таъсир надорад, “чун маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад”. Ин ширкат аз сокинон хостааст, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмӣ дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1-уми октябри имсол истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт кунанд.

Мирзо Исмоилзода
Мирзо Исмоилзода

Масъалаи боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳҳо боз матраҳ буд. Бори аввал Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти охир дар мавриди зарурати боло бурдани нархи нирӯи барқ изҳори назар кард.

Исмоилзода далели боло бурдани нархи нерӯи барқро “ба хароҷоти нигаҳдории системаи энергетикии кишвар” марбут донист, ки ба пули бештар ниёз дорад. Ба хотири боло бурдани нархи нерӯи барқ тайи ду моҳи охир як комиссияи вижаи иборат аз намояндагони Хадамоти зиддинҳисорӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати "Барқи тоҷик" фаъолият мекард.

Аз ин қабл, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар як барнома, ки барои се соли оянда таҳия шудааст, гуфта буд, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар се соли оянда тақрибан 2-дирамӣ боло рафта, дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид. Боло бурдани нархи нерӯи барқ яке аз тавсияҳои ҳамешагии созмонҳои байналмиллалӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ аст. Ин созмон борҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки нархи нерӯи барқро боло бубарад.

Ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” аз нирӯгоҳи “Сангтӯда-1” беш аз 90 миллион доллар қарздор аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷуброни қарзҳои Русия нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро аз пардохти андоз озод кард. Қарзи “Барқи Тоҷик” аз ширкати “Сангтӯда-2”, ки онро Эрон бунёд кардааст, ба беш аз 40 миллион доллар мерасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG