Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти пешпардохти пули барқ дар Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати энержӣ ва захираҳои об ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки то охири сол шеваи пардохти нирӯи барқро барои аҳолӣ бо усули “биллингӣ” ва ё пешпардохт гузаронад.

Барои ин иваз кардани ҳисобкунакҳо зарур нест. Танҳо дар ҳисобкунакҳо як чип гузошта мешавад, ки он ҳамаи маълумотро ба марказ интиқол медиҳад

Дастури ҷорӣ кардани усули биллингӣ дар қарори ҳукумат «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали 2017 ва вазифаҳо дар нимаи дуввуми сол» зикр шудааст. Дар қарори ҳукумат гуфта мешавад, “Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо ширкати “Барқи тоҷик” барои гузаштан ба низоми биллингӣ ва кам кардани талафоти нерӯи барқ чора андешида, то охири сол ба ҳукумат гузориш пешниҳод кунанд.»

Манзур аз низоми биллингӣ насби чипҳо дар ҳисобкунакҳои барқӣ аст, ки ба сурати онлайн ҳаҷми истифодаи барқи хонаводаҳоро ба маркази ягона интиқол медиҳад ва бо тамом шудани пули суратҳисоб интиқоли барқ ба манзилҳо қатъ мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ
Нозирҷон Ёдгорӣ

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 6-уми август усули биллингиро аз шеваҳои пешрафтаи барқ дар доду гирифти ширкати энержӣ бо муштариён унвон кард. Ӯ гуфт, “барои ин иваз кардани ҳисобкунакҳо зарур нест. Танҳо дар ҳисобкунакҳо як чип гузошта мешавад, ки он ҳамаи маълумотро ба марказ интиқол медиҳад”.

Бинобар ин, сокинон нахуст дар суратҳисоби худ миқдори кофии маблағ гузошта, имкон доранд то тамом шудани он, аз нирӯи барқ истифода кунанд. То кунун дар Тоҷикистон шеваи биллингии пардохти барқ танҳо дар ноҳияи Сарбанд ва Рӯдакӣ мавриди санҷиш қарор дошт.

Пардохти пули нирӯи барқ солҳост, ки мушкили ширкати “Барқи тоҷик” боқӣ мемонад. Ин ширкат қарзҳои напардохтаи аҳолиро 786 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Ба ҳисоби ширкат, ҳар як сокини кишвар аз ин ширкат 100 сомонӣ қарздор аст.

Анатолий Колесниченко, мутахассиси соҳаи энержӣ, ки таҷрибаи беш аз 40-солаи кор дар Тоҷикистонро дорад, гуфт, талаби пешпардохт аз муштариён шояд барои бахше аз аҳолӣ мушкил эҷод кунад. Ӯ гуфт, «дар низоми биллингӣ ҳамин ки пул тамом шуд, интиқоли барқ қатъ мешавад. Аммо на ҳама қишри аҳолӣ имкони саривақт пардохт кардани пули барқро доранд. Албатта, қатъ шудани барқ боис ба норозигии мардум мешавад. Бинобар ин, аз ҷониби аҳолӣ хуш пазируфта намешавад”.

Мавзӯи қарзҳои напардохтаи мардум аз мояи нигарониҳои ҳукумат аст, ки дар сатҳи баланд матраҳ мешавад. Оғози соли равон раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбасти кори ҳукумат аз сокинон гила кард, ки «дар ҳар як хонавода ду-се телефон доранд, аммо пули барқро намесупоранд».

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” аз қарздортарин ниҳодҳои Тоҷикистон ба шумор меояд. Мақомоти ин ширкат мегӯянд, бинобар пардохт ннашудани қарзи барқ аз ҷониби мардум онҳо наметавонанд, қарзи «Сангтӯда-1», ки тобеи Русия аст ва «Сангтӯда-2»-ро, ки Эрон бунёд кардааст, баргардонанд. Қарзи “Барқи тоҷик” аз ин ду ширкат 1 миллиарду 232 миллион сомонӣ мерасад. Бар замми ин ширкат аз “Ориёнбонк” 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ қарздор аст.

Ахиран ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки дар садади боло бурдани қимати барқ барои аҳолӣ аст. Хабаре, ки бисёр оилаҳои тоҷик, махсусан оилаҳои камбизоатро шадидан нигарон кардааст. Тоҷикистон ҳамасола қимати барқро то андозае боло мебарад, ки барои ҷайби мардум қобили эҳсос набошад. Бо вуҷуди тавсияи созмонҳои байналмилалӣ, ки қимати барқро дар қаламрави Тоҷикистон поинтарин мешуморанд, мақомот аз ба шиддат боло бурдани арзиши барқ худдорӣ кардааст. Ҳанӯз маълум нест, нархи барқ то чӣ ҳад боло меравад, аммо гуфта мешавад эҳтимол нархи нерӯи барқ 15 дарсад боло равад. Ҳоло як киловатт нерӯи барқ ба аҳолии кишвар ба 14,65 дирам фурӯхта мешавад.

Шарҳҳоро бинед (24)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG