Дар ин комиссия масъулони вазоратҳои тандурустиву молия ва ширкати "Барқи тоҷик" шомил мебошанд. Таи чанд соли охир Бонки ҷаҳонӣ ба хотири “модернизатсияи системаи барқи Тоҷикистон” ба давлат тавсия медиҳад, ки қимати нерӯи барқро 20−25 дарсад боло бубарад. Давлати Тоҷикистон бо тавсияи ин бонк нархи нерӯи барқро барои аҳолӣ аз 9 дирами қаблӣ то ба 11 дирам боло бурд ва ин болоравӣ қишри нодори аҳолиро нороҳат кард. Вале масъулони Бонки ҷаҳонӣ дар баробари ин ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон машварат доданд, ки дар пардохти ҳақи нерӯи барқ ба қишри нодор имтиёз бидиҳад.
Набиҷон Шарифов, сардори Шӯъбаи мониторинг ва дурнамои Оҷонсии ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактаби миёна таҳсил мекунанд, ба ҷамоатҳои ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки феҳрасти хонаводаҳои камбизоатро пешниҳод кунанд. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир чунин таҳқиқот танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ анҷом шудааст ва қарор аст дар манотиқи дигар ҳам ани кор баргузор шавад. Вай гуфт, ягона меъёри камбизоат эътироф кардани хонавода ин даромаднокӣ ба сари ҳар узви хонавода мебошад. Агар даромади сардори оила баъди тақсим ба ҳар узви он ба нифси маоши ҳадди ақал, яъне 125 сомонӣ баробар ва ё аз он камтар бошад, ин оила камбизоат эътироф карда мешавад, гуфт ӯ. Барои муайян кардани вазъи иҷтимоии оилаҳо дар маҳалҳо комиссияҳо кор мебаранд, ки аъзояшон аз 7 нафар бештар ҳастанд.
Шарифов гуфт, ҳангоми ҳисобу китоб ҳамаи манбаъҳои даромади хонаводаҳо, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, замини ёрирасони назди ҳавлӣ, саршумори чорво ва даромад аз ҳисоби муҳоҷират низ ба ҳисоб гирифта мешавад. Оилаҳое, ки бо назардошти ин меъёрҳо аз сӯи ин комиссия камбизоат эътироф мешаванд, дар пардохти пули нерӯи барқ имтиёз дарёфт мекунанд. Бинобар меъёри муқарраршуда, оилаҳои камбизоат эътирофшуда аз моҳи октябр то ба апрел 250 киловатт/соат ва аз моҳи май то охири сентябр 150 киловатт/соат нерӯи барқро ройгон дарёфт хоҳанд кард.
Набиҷон Шарифов мегӯяд, имтиёз додан ба оилаҳои камбизоат дар пардохти пули барқ ба будҷаи ширкати “Барқи тоҷик” таъсир намекунад. Вай гуфт, вақте рӯйхати оилаҳои камбизоат муайян шуд, мақомоти шаҳр ва ё ноҳия онро ба унвонии раёсатҳои молия мефиристанд ва вазорати молия маблағи ин барқро ба “Барқи тоҷик” пардохт мекунад.
Нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои бисёре аз хонаводаҳо ягона сарчашмаи дастрас барои пухту паз ва гарм кардани хонаҳо дар фасли сармо ба шумор меравад. Аммо гароншавии барқ таи солҳои охир ба
будҷаи хонаводаҳои нодор зарба мезанад, чунки онҳо чорае ба ҷуз аз истифодаи барқ дар фасли сармо надоранд ва наметавонанд аз истифодаи он даст кашанд.
Ҳамроҳ Собиров, як сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, тани танҳо як оилаи 7-нафараро таъмин мекунад ва пардохти ҳақи нерӯи барқ барояш гаронӣ мекунад. Вай гуфт, дар зимистон пули барқ то 200−250 сомонӣ дра моҳ баланд мешавад, чунки ба ғайр аз барқ дигар роҳи гарм кардани хона намемонад. Вай гуфт, зимистон мушкилтарин давра барои оилаи ӯ мебошад. Собиров аз ҳунари сохтмонӣ даромад ба даст меорад, вале дар сармои зимистон вай қариб комилан бекор мемонад. Ҳамроҳ Собиров гуфт, ки аз имтиёзи барқи ройгон огоҳ нест, вале хонаводаи ӯ барои дастрасӣ ба чунин ҳақ эҳтиёҷ дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон қимати як киловатт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 11 дирамро ташкил медиҳад. Қимати нерӯи барқ дар вилояти Бадахшон 7 дирам гаронтар −18 дирам барои як киловатт/соат муайян шудааст. Ба ҳисоби миёна, ҳар хонавода дар фасли сармо дар як моҳ то 300 киловатт/соат нерӯи барқ истифода мекунад.