Бо тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон як комиссияи вижае барои муайян кардани хонаводаҳои камбизоат, ки минбаъд дар пардохти пули барқ имтиёз хоҳанд дошт, таъсис ёфтааст. Дар ин комиссия масъулони вазоратҳои тандурустиву молия ва ширкати "Барқи тоҷик" шомил мебошанд.
Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактаби миёна таҳсил мекунанд, ба ҷамоатҳои ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки феҳрасти хонаводаҳои камбизоатро пешниҳод кунанд. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ мониторинг анҷом шудааст ва дар навоҳии дигар низ ин кор анҷом дода мешавад.
Комиссияе ки ба ин масъала машғул аст, шумораи аъзои хонавода ва даромади моҳонаи онҳоро меомӯзад ва агар даромади ҳар узви оила аз 250 сомонӣ кам бошад, ба феҳрасти хонаводаҳои фақир шомил карда мешавад. Ҷаноби Қурбонов афзуд, маблағи то 250 киловатт/соат нерӯи барқи масрафшуда барои хонаводаҳои фақирро Вазорати молия ва ширкати “Барқи тоҷик” мепардозанд.
Ба гуфтаи ин масъули вазорати тандурустӣ, ҷуброни барқ ба дасти узви хонавода дода намешавад, балки нозири барқи ноҳия ба манзили оилаи фақир меравад ва ҳаҷми сарфи онро ба қайд гирифта ва маълумотномаи харҷи барқро ба ширкати "Барқи тоҷик" пешниҳод менамояд ва бар асоси он, вазорати молия ин маблағро пардохт мекунад.
Бояд гуфт, ки ташаббуси қоил шудани имтиёз дар пардохти пули барқ ба оилаҳои камбизоат ба Бонки Ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Бонки Ҷаҳонӣ борҳо ба давлати Тоҷикистон машварат дода буд, ки қимати нерӯи барқро боло бубарад. Аммо ҳамзамон ин бонк ба давлат тавсия додааст, ки ба хонаводаҳои камбизоат дар пардохти пули барқ имтиёз дода шавад.
Ин ташаббуси давлати Тоҷикистон ҳам дар пайи тавсияҳои Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир қимати як киловатт /соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 11 дирамро ташкил медиҳад. Қимати нерӯи барқ дар вилояти Бадахшон аз ин бештар аст.
ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД
Ҳақиқатанба инҳо аз таърих сабақаша нагирифтаанд. Ба хусус ки Тоҷикистонанба. Магар ҳамин пешво қиссаҳои гузаштагонамона нашунида бошанд? Магар намедонанд, ки пас аз сари ӯ байни фарзандонаш якдигаркушиву бадарғакуниҳо сар шуданаш мумкин? Ҳозиранба бинед байни Рустаму Озода чӣ шуда истодагиш? Рустам ҳама бизнест почоҳоша якто якто кашида гифсос. Оқибаташа Худо хайрба биёрад.
Фарки киргизхо аз дигар халкхои Мовароуннахр дар он аст ки худи миллати киргиз пулдусту бойпарвару косалесу чоплус нест.Ана барои хамин онхо дар муборизахояшон пируз хастанд.
Ассалому алайкум хамватанони ман ягон фикр накнен Э.Рахмон мехохад ки фарзандаш ё ягон нафарро аз оила чойгузини худ намояд. Вале у хуб ва якин дарк намудаст, ки ин хохишаш ягон вакт чомаи амал намепушад. Зеро дар Туркманистон дигар сенария буд он чо у фарзанди пинхони аз мардум калон кардашро оварда гузоштанд Вале агар мархум Туркманбоши низ бе восита ошкоро фарзанди худаш ба воя расонидаро дар оила мегузошт окибаташ худ бояд дарк намоед чи мешуд барои хамин дар он чо ин хама пинхони сурат гирифт. Вале дар Точикистон ягон вакт ичозат намедиханд зеро ихтиёр дар дасти Э.Рахмон мешуд эхе кайхо Рустамро мегузошт Вале оила хуб дарк намудааст, ки ин ба марг ва нести мебарад. Бинобар ин таьин намудани Рустам дар дасти у нест. Зеро давлатхои 1 муайян менамоянд, ки мешавад ва инро бояд чи мухолифони сохтаи Э.Рахмон ва худи у дарк намудаанд ва он нафар аз халки одди аст. Ба касе зиён нахохад расид. Зеро танхо хизмат барои пешрафти мардум хохад намуд. Зиндаву сарбаланд бошед.
Худо додаст мартабашона, агар амрико метавонист гумашон мекард бо марионеткаш (арабистони сауди) худо хостаст мардакора
Иродаи мардаки чияй?