Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ довталаб – ба як курсии мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон


Ба як курсии мактаб ё синфҳои русӣ дар Тоҷикистон 10 довталаб будааст. Намояндагони ақаллияти русзабон дар Тоҷикистон мегӯянд, талабот барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ба ҳадде зиёд аст, ки фарзандони русзабонҳо ҷой намеёбанд.

Людмила, сокини 33-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзи 28-уми сентябр гуфт, писари хурдсолаш ду сол боз ба мактаби тоҷикӣ меравад, чун ҳамаи курсиҳо дар мактабҳои русӣ ё синфҳои русзабон банд шудаанд. Ӯ гуфт, "ба чанд мактаб дар Қӯрғонтеппа муроҷиат кардем, гуфтанд, ки ҳамаи ҷой дар синфҳои русӣ пур аст. Баъд писарамро ба синфи тоҷикӣ супурдем."

"Мактабҳои русӣ дар Душанбеву Норак ҳам пур шудаанд"

Бинобар охирин омор, ҳудуди 10 ҳазор рустаборҳо айни ҳол дар мактабҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар кишвар 160 мактаб синфхонаҳои таҳсил бо забони русӣ доранд.

Людмила мегӯяд, фарзандаш тоҷикиро медонад, аммо хосташ буд, ки бо забони русӣ таҳсил кунад. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, барои таҳсили фарзандаш дар мактаби русӣ омода буд ба Душанбе ва ё Норак, ки дар он ҷо низ мактабҳои русӣ ҳаст, тағйири макон кунад. "Вале мактабҳои русӣ дар он ҷо низ пур шудаанд", - афзуд ӯ.

Шикояти ин сокини Қӯрғонтеппа дар ҳолест, ки ба қавли мудирони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, баръакс, яке аз шартҳои қабул ба мактабҳои русзабон рус будани кӯдак ё ҳадди ақал пайванди хешӣ бо рустаборон аст.

Владимирова: Ба ҳамаи довталабон ҷой нест

Мая Владимирова, роҳбари ягона мактаби русӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон, рӯзи 28-уми сентбяр ба Радиои Озодӣ гуфт, шумораи довталабони таҳсил дар мактабҳои русӣ хеле зиёд аст ва ба ҳисоби миёна, ба як курсӣ то 10 довталаб рост меояд. Аммо ӯ гуфт, бинобар маҳдуд будани ҷойи хониш, онҳо наметавонанд ҳамаи довталабонро ба таҳсил фаро гиранд.

Ӯ гуфт, "ҳоло ягон синф ё мактаберо намеёбед, ки дар он фақат русҳо таҳсил кунанд. Албатта, миллати хонандагон гуногун аст. Дар синфхонаҳои мо аксар тоҷикҳо ҳастанд. Аммо намояндагони дигар миллатҳо -- узбаку тотор ва ҳатто куриёҳо низ ҳастанд. Дар мактаби мо намояндагони 32 миллат таҳсил мекунанд."

Владимирова гуфт, чун шумораи довталабони таҳсил дар мактаби русӣ хеле зиёд аст, онҳо ҳатто хонандагони синфи якумро пас аз санҷишу имтиҳон ба мактаб қабул мекунанд.

Чанд сабаб аз нигоҳи Олим Ширинов

Волидон дар Тоҷикистон барои он таҳсили фарзандонашонро дар мактабҳои русӣ аз тоҷикӣ беҳтар мешуморанд, ки ба гуфтаи онҳо, сифати таълим дар ин мактабҳо аз муассисаҳои дигар хубтару босифат будааст.​ Олим Ширинов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, мегӯяд, се фарзандаш дар шаҳри Душанбе дар мактаби русӣ таҳсил мекунанд ва ӯ аз сифати таълим дар ин мактабҳо қаноатманд аст. Ширинов гуфт, барои интиқоли фарзанди хурдиаш ба мактаби русӣ се сол мунтазир монд.

Олим Ширинов
Олим Ширинов

"Дар мактабҳои тоҷикӣ аксаран муаллимони ҷавоне ба кор омаданд, ки донишгоҳҳро дар даврони истиқлол хатм кардаанд. Сатҳи дониши онҳо бо он нафароне, ки дар даврони Шӯравӣ таҳсил кардаанд, аслан қобили муқоиса нест. Бинобар ин, волидон кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашон дар мактабҳои русӣ таҳсил кунанд. Сабаби дувум инки нафаре забони русӣ балад аст, имкониятҳои бештар барояш фароҳам мешавад", - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, усқуф Питирим, роҳиби калисои провославӣ дар шаҳри Душанбе, гуфт, ибодаткунандагони ин калисо низ борҳо ба ӯ шикоят кардаанд, ки бинобар банд будани ҷой дар мактабҳои русӣ ночоранд фарзанди худро ба мактабҳои тоҷикӣ бидиҳанд. Ӯ гуфт, "дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кардани русҳо ҳеҷ бадӣ надорад, аммо чун тоҷикӣ забони модарии онҳо нест, албатта, ба мазмуни дарс сарфаҳм намераванд. Бисёре аз оилаҳои рус дар шароити фақри шадид ба сар мебаранд ва чун талабот барои таҳсил дар мактабҳои русӣ аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ зиёд аст, бисёре аз ин оилаҳои фақир наметавонанд фарзандонашонро дар мактабҳои русӣ ҷой кунанд."

Усқуф Питирим.
Усқуф Питирим.

Усқуф Питирим гуфт, дар аксар мактабҳо ва синфҳо ду-се рустабор бо бачаҳои аҳолии бумӣ таҳсил мекунанд, ки русиро хуб балад нестанд ва ин боис мешавад, худи русҳо низ забонро ба хубӣ ёд нагиранд. Питирим гуфт, бо назардошти фақри шадид дар баъзе аз оилаҳои рус тасмим гирифт, чанде аз фарзандони чунин хонаводаҳоро таҳти васоят қарор бидиҳад.

Бинобар омори охирин, айни ҳол ҳудуди 10 ҳазор рустабор дар мактабҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар кишвар 160 мактаб ва синфҳои русӣ амал мекунанд. Бар замми ин, дар Душанбеву Норак ва Кӯлоб се мактаби дигар амал мекунад, ки таълим дар он ҷо бо забони русӣ ва барномаи Вазорати маориф ва илми Русия сурат гирифта, аз тарафи ин кишвар маблағгузорӣ мешавад.

Русҳо баъди узбакҳо ва қирғизҳо аз ақаллиятҳои сершумори миллӣ дар Тоҷикистон ҳастанд. Дар Тоҷикистон бинобар натиҷаҳои нуфусшумории ахир, 38 ҳазору 838 рустабор ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG