Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 30 муаллими рус шаби 29-уми август аз Русия вориди Тоҷикистон шуданд. Ин муаллимон дар минтақаҳои Тоҷикистон аксаран дар литсею гимназияҳои президентӣ дарс хоҳанд гуфт.​Омӯзгороне, ки аз Русия ба Тоҷикистон омаданд, мутахассисони фанҳои забони русӣ, математика, физика ва информатика ҳастанд. Бархе аз ин омӯзгорон хонаводаҳои худро низ ба Тоҷикистон оварданд.​

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бар замми ирсоли муаллимон, Русия ба Тоҷикистон тақрибан 60 ҳазор китоби дарсӣ низ фиристодааст. Ҳадаф аз ин тасмим тақвияти забони русӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад.

Маоши ин муаллимон 74 ҳазор рубли русӣ, муодили 1200 доллари амрикоӣ хоҳад буд ва аз ин 14 ҳазор рублро ҷониби Тоҷикистон ва 60 ҳазори боқимондаро Вазорати илм ва маорифи Русия пардохт мекунад. Ҳамчунин, Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ин гурӯҳи омӯзгоронро бо ҷои зист таъмин кунад.

Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, "ин лоиҳаи аввалин аст ва дар амал иҷро шудааст. Минбаъд ҳаматарафа аз ҳузури муаллимони рус истифода мекунем."

Муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё имкон дорад, муаллимони тоҷик низ ба Русия ва ё кишварҳои дигар фиристода шаванд, гуфт, "вақте сад дарсад кишварро бо омӯзгорон таъмин намоем, омӯзгорони мо низ ба кишварҳои дигар рафта, таҷрибаашонро амалӣ хоҳанд кард".

Ба гуфтаи муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон, то кунун муаллимон аз Эрону Туркия дар мактабҳои Тоҷикистон таҷрибаи худро амалӣ кардаанд.

Яке аз муаллимаҳои рус.
Яке аз муаллимаҳои рус.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия -- палатаи болоии порлумони Русия, рӯзи 28-уми август дар мулоқот бо омӯзгорони рус, ки ба Тоҷикистон сафарбар карда шуданд, гуфт, ба иҷрои ин иқдом пас аз як гилояи Эмомали Раҳмон шурӯъ карданд. Матвиенко дар ин нишаст аз дидору мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон дар соли гузашта ёдовар шуда гуфт, як сухани раиси ҷумҳур ӯро шахсан такон дод.

​Матвиенко аз ҷумла гуфт, "вақте дар мулоқот масъалаи нигоҳ доштани мақоми забони русиро матраҳ кардем, ӯ гуфт, ҳамаи талошҳоро барои нигоҳ доштани мавқеи забони русӣ анҷом медиҳад, аммо Русия низ бояд дар ин росто кӯмак кунад. Дар мо камбуди муаллимони забони русӣ ва китобҳои дарсӣ вуҷуд дорад. Аммо чизе, ки маро шахсан сахт такон дод, ин аст, ки ӯ гуфт Русия дар солҳои гуруснагӣ ва нобасомонии солҳои 30-юм тавонист ба ҳар деҳаи Тоҷикистон муаллимони забони русиро фиристад ва мо аз ин хеле миннатдорем."

Дар идома Матвиенко гуфт, комилан бо ин гуфтаи президент Раҳмон розӣ буд, чун Русия бояд натанҳо аз кишварҳои шарикаш нигоҳ доштани мақеи забони русиро талаб кунад, балки дар иҷрои ин амр ба онҳо кӯмак намояд. Дар нишасти рӯзи 28-уми август дар Шӯрои Федератсия ба ҷуз Матвиенво вазири илму маорифи Русия, сафирони Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русия ҳузур доштанд.

Бар замми ирсоли муаллимон, Русия ба Тоҷикистон тақрибан 60 ҳазор китоби дарсӣ низ фиристодааст. Ҳадаф аз ин тасмим тақвияти забони русӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Дар ҳоли ҳозир садҳо ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия машғули таҳсиланд. Дар Тоҷикистон низ дар чанд донишгоҳ, аз ҷумла Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донишгоҳҳои миллӣ, омӯзгорӣ ва забонҳо, мутахассисони забони русӣ омода мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG