Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14300 исқоти ҳамл – дар ним сол дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ним соли гузашта ҳудуди 14 ҳазору 300 зан дар кишвар исқоти ҳамл кардаанд. Онҳо гуфтанд, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта то понздаҳ дарсад камтар аст, аммо ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мемонад. "Омори ғайрирасмӣ бештар аз ин аст. Тақрибан то чиҳил дарсади занон исқоти ҳамли худро расмӣ намекунанд", - гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар ниҳодҳои тиббии кишвар, ки нахост номаш бурда шавад.

Як омили ин раванд муҳоҷирату бекорӣ ва танҳо бузург кардани фарзандон аз сӯи модарон аст. Омили дигараш ин аст, ки бархе занон ба хотири карйера намехоҳанд зиёд фарзанд ба дунё биоранд.

Омилҳои иқтисодӣ, муҳоҷирати мардони хонавода ва дар маҷмӯъ вазъи нохуби зиндагӣ ҷавонзанҳои тоҷикро аз таваллуди фарзанди навбатӣ бозмедорад. Дар ҳолатҳои зиёд занҳо огоҳона ба исқоти ҳамл рӯ меоранд.

Таманно исми мустаори як бонуи 36-солаи тоҷик аст. Ӯ ду фарзанд дорад ва мегӯяд, ки моҳе пеш бори ҳаштум ба бемористон рафт ва исқоти ҳамл кард. Таманно дар як созмони хориҷӣ кор мекунад. Вай рӯзи 2-юми сенябр гуфт, ба хотири онки маоши шавҳараш барои таъмини рӯзгор ва тарбияи ду фарзанди мактабхонаш намерасад, бояд ҷойи корашро ҳифз кунад. Аз ин рӯ, омода нест, ки фарзанди сеюмро ба дунё биорад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чаро Таманно 8 бор аборт, ё исқоти ҳамл кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Ин зани ҷавон мегӯяд, васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ ба ӯ кумак намекунад ва ӯ ҳар дафъа маҷбур аст, амалиёт кунад. Таманно мегӯяд, ҳосили ин ҳама амалиёт бемориҳое ба мисли камхунӣ, ҷоғар, фаромӯшхотирӣ, афзоиши ҳормонҳо ва ҳам асабоният аст.

Исқоти ҳамл – қатъи сунъии ҳомиладорӣ – дар давраи то 18-ҳафтаина будани ҷанин дар батни зан гузаронда мешавад. Ҳолатҳои исқоти худсаронаи ҳамл дар шароити хона аз навъҳои хатарбори исқоти ҳамл дониста мешавад. Ба таъкиди мутахассисон, тақрибан то 60 дарсади занон пас аз исқоти ҳамл бо мушкилоти саломатӣ рӯ ба рӯ мешаванд, чун аксари он дар ҷараёни исқоти нодурусти ҳамл ба вуҷуд меояд.

Мунира Ғанизода, мудири Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳисоби онҳо исқоти ҳамл дар имсол то понздаҳ дарсад камтар шудааст. Ӯ коҳиши ҳолатҳои исқоти ҳамлро ба афзоиши намудҳои гуногуни пешгирии ҳамл марбут донист. Аммо Ғаниева аз он нигаронӣ кард, ки “занон пас аз онки бори аввал бо тавсияи духтурон сиқти ҷанин мекунанд, маротибаи дувуму севум бидуни машварат бо духтур доруҳои гуногуни зидди ҳомиладорӣ истеъмол мекунанд, ки ки ба саломатии онҳо бетаъсир намемонад”.

Зафар Олимов, мудири Шуъбаи эҳёгарии Пажӯҳишгоҳи акушериву гинекологии Вазорати тандурустӣ ҳам гуфт, ҳама гуна маводи тиббӣ бояд аз рӯи тавсия ва талаботи пизишкон ба занони ҳомила таъин шавад. Инчунин, заноне, ки мехоҳанд, исқоти ҳамл кунанд, бояд зери назорати махсуси духтурон бошанд.

Ахиран ҳукумати Ҷопон барои иҷрои як барномаи пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва танзими оила дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 700 ҳазор долар кумак кард.

Тибқи омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамасола дар саросари дунё беш аз 50 миллион исқот анҷом дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва феълан ҳудуди 2 миллион зани синни қобили зоиш зиндагӣ мекунад. Худи занон мегӯянд, онҳоро на орзуи камфарзандӣ, балки омилҳои иҷтимоӣ аз таваллуди фарзанди навбатӣ бозмедорад.

Моҳпайкар, як сокини пойтахт, мегӯяд, ҳоло ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки бо роҳандозии барномаҳои махсуси пешгирӣ аз ҳамли номатлуб алайҳи афзоиши сиқти ҷанин мубориза барад. Ӯ гуфт, “агар як омили ин раванд, муҳоҷирату бекорӣ ва ҳам танҳо бузург кардани фарзандон аз сӯи модарон бошад, омили дигараш ин аст, ки ҳоло бархе занон ба хотири сохтани карйера зиёд фарзанд таваллуд кардан намехоҳанд”.

Бархе ба ин андешаанд, ки сиқти ҷанин як амали ғайриахлоқӣ аст ва модаре, ки огоҳона ба ин амалиёт розӣ мешавад, ҷони зиндаро дар батнаш нобуд мекунад. Дар бархе адён анҷом додани чунин амалиёт манъ аст. Вале ҷомеашиносон мегӯнд, зери фишори кору зиндагӣ занон аз меъёрҳои ахлоқии боздоранда ҳам убур мекунанд.

Тибқи омори расмӣ дар оғози солҳои 90-ум дар Тоҷикистон то 47-50 ҳазор исқот гузаронда мешуд. Ҳар зани севуми ҳомила исқот мекард. Соли 1993-1995 ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи таъмини бехатарӣ бо истифодаи маводи контрасептиро қабул кард. Ба асоси он намудҳои гуногуни пешгирии ҳамл - воситаҳои дохилираҳмӣ, доруҳои ҳормонӣ, воситаҳои нутфакуш, воситаҳои инъексионии контрасептӣ ва рифола мавриди истифодаи васеи мардум қарор гирифт.

Ахиран ҳукумати Ҷопон барои иҷрои як барномаи пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва танзими оила дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 700 ҳазор долар кумак кард. Иҷрогари ин барнома дар Тоҷикистон Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид хоҳад.Пули дарёфткардаашро Бунёди Созмони Милал бар асоси як барномаи дусола барои харидани рифола ва васоили дигари пешрафтаи ҷилавгирӣ аз ҳомиладорӣ барои Тоҷикистон сарф мекунад. Қарор аст, бар асоси барномаи тақвияти банақшагирии оила барои солҳои 2017-2020 беш аз 700 ҳазор нафар бо васоили гуногуни пешгирӣ аз ҳомиладории нохоста таъмин шаванд.

XS
SM
MD
LG