Пайвандҳои дастрасӣ

"Агар писар таваллуд накардӣ..." ВИДЕО


Дар Қирғизистон аксари хонаводаҳо ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд. Аминат Байтикова, сартабиби зоишгоҳи рақами аввали Бишкек, мегӯяд, асосан мардҳо мехоҳанд, ки соҳиби писар бошанд ва занон низ ба хотири нороҳат накардани ҳамсарони худ гоҳо нафақат саломатӣ, балки ҷони худро зери хатар мегузоранд.

Агар дар оила се духтар бошад, зан таҳти фишори хешовандон ва дӯстон қарор мегирад. Аз ӯ бо истеҳзо мепурсанд, ки кай писар таваллуд мекунад?
Гулоим Айличӣ

Вай мегӯяд, на ҳамаи занон аз онки дар батнашон духтар ҳаст, хурсанд мешаванд. «Онҳо мегӯянд, ба шавҳар ва хешу таборам чӣ мегӯям? Дарҳол нороҳат мешаванд», - нақл кард ӯ. Аминат Байтикова афзуд, чунин ҳолатҳое ҳам кам нест, ки занон дар моҳҳои охири бордорӣ ба далели онки тифли батнашон духтар аст, мехоҳанд, исқоти ҳамл кунанд: «Ҳатто баъзе мардон аз поён ба ҳамсарашон дод мезананд, ки агар духтар шуд, метавонӣ ба хона барнагардӣ.»

Аминат Байтикова аз фаҳмондани онки ҷинси навзод аз мард вобаста аст на аз зан, хаста шудааст. Вале, бо ин вуҷуд, занони зиёде назди ӯ меоянд ва машварат мепурсанд, ки аз чӣ роҳ мешавад соҳиби писар шуд? «Агар онҳо медонистанд, писар ва ё духтар будани ҷанин ба мард вобаста аст, ба шавҳароне, ки аз хона бо ин сабаб онҳоро меронанд, посухи муносиб медоданд», - афзуд ӯ.

Элзат бояд ба зудӣ таваллуд кунад. Аҳли хонавода интизор доштанд, ки ӯ писар ба дунё меорад. Аммо чанд рӯзи пеш ташхис маълум кардааст, ки ӯ соҳиби духтари севум мешавад. Ӯ гуфт, «ба ин бовар будам, ки ин дафъа ҳатман писар мешавад. То дер бо ташхиси узи нарафтам. Ба фикри ман, бештари мардон писар мехоҳанд.»

Овозхони маъруфи Қирғизистон Анжелика дар як сӯҳбати телевизионӣ иқрор кард, ки то писардор шуданаш таваллуд хоҳад кард. Бо вуҷуди хатар ба саломатӣ ӯ се духтарашро бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё овардааст. «Тиб пеш меравад. Ман аз ҳар ҷо мепурсам, маълумот ҷамъ мекунам. Ҳарчанд ҳафт бор чен карда як бор бибурам ҳам, ҳама кор дар дасти Худованд аст. Вале мо ҳоло ҷавон ҳастем, шояд соҳиби ду писар мешавем.»

Аз нигоҳи Гулоим Айличӣ, муассиси як вебсайт барои занон, аксаран бонувон бинобар қолабҳои шахшудаи ҷомеа ҷони худро зери хатар мегузоранд. Ӯ гуфт, «агар дар оила се духтар бошад, зан таҳти фишори хешовандон ва дӯстон қарор мегирад. Аз ӯ бо истеҳзо мепурсанд, ки кай писар таваллуд мекунад?»

Бинобар ин, занҳо барои писардор шудан аз воситаҳои мухталиф истифода мекунанд. Ҳатто талош менамоянд, бо ёрии тақвим ва ё боварҳои қадимии қирғизӣ ба ҳадаф бирасанд. Гулоим Айличӣ мегӯяд, «бисёр номҳое, вуҷуд доранд, ки маънияшон чунин аст, мо туро не, балки писар мехостем. Масалан Бурул маънои тағйир доданро дорад. Боварҳое ҳаст, ки агар пайи ҳам духтар таваллуд шавад, якеро чунин ном гузоранд, ҳатман фарзанди оянда писар мешавад. Жанил ҳам ба чунин маънист, яъне бигзор фарзанди оянда писар бошад.»

Ба гуфтаи Гулоим, ҳоло маҳз ҳамин гуна номҳои занона дар Қирғизистон роиҷ шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG