Баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯ ҷасади ду ҷавони ошиқ аз Айнӣ, дар наздикиҳои шаҳри Панҷакент пайдо шудааст. Шаҳбоз Холмуродови 24-сола ва Санавбар Ғафуроваи 21-соларо як ҳафта боз дар деҳаи Зосуни Айнӣ наздикону ҳамдеҳаҳо ҷустуҷӯ мекарданд. Ҷасади ин ду дилдода рӯзи 15 июл аз дарёи Зарафшон пайдо шудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса ахабар надода, ҷузъиёташро ҳам ошкор накардаанд, Акбархӯҷа Солеҳов, раҳбари Кумитаи ҷамъиятии деҳаи Зосун, рӯзи 19 июл ба Озодӣ гуфт, онҳо марги ин ду дилдораро "худкушӣ" арзёбӣ мекунанд. Вай гуфт, ин ду ҷавон рӯзи 8 июл, шаш километр дуртар аз деҳ рафта, худро ба дарё партофтаанд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин қазия чанд фарзия ҷой дорад.
"Як фарзия ин аст, ки онҳо якдигарро дӯст медоштанд ва ҳарду бо ҳам рафта худро ба дарё партофтаанд. Падару модар ҳам аз муносибати фарзандон огоҳ ва аввал барои издивоҷи онҳо розӣ буданд, аммо баъд кадом як монеа шудааст. Ҳоло ба мо маълум нест, ки ин мухолифат аз кадом тараф шудааст," – гуфт ӯ.
Шаҳбоз Холмуродов, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар лабораторияи кимиёвии Комбинати металлургии Анзоб кор мекард. Санавбар Ғафурова ҳам имсол омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Айниро хатм карда буд.
Пайвандони Шаҳбоз мегӯянд, ин ду ҷавон дар воқеъ якдигарро дӯст дошта, аҳди садоқат баста буданд. Ҷонон Эшназаров, яке аз наздикони Шаҳбоз, ки солҳои донишҷӯӣ ҳамроҳ бо Шаҳбоз дар Душанбе зистааст, гуфт, тақрибан 6 моҳ пеш Шаҳбозу Санавбарро волидон фотеҳа карданд. "Вале мегӯянд, ҳудуди 3 моҳ пеш модари духтар фотеҳаро гардондааст. Байни духтару писар ҳам як муддат ҷудоӣ сар зад. Аммо баъдан мегӯянд, боз бо ҳам ҳамсӯҳбат мешудаанд," - гуфт Ҷонон Эшназаров.
Шаҳбоз рӯзи ҳаштуми июл бо нияти кор аз хона берун шуда, бо ҳамин чанд рӯз бедарак гаштааст. Хонавода ва наздикон дар муддати як ҳафта ӯро дар кӯҳу дара, дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, ҳатто аз тариқи расонаҳо ва телевизиони давлатӣ ҷустуҷӯ карда, то охирин лаҳза умед доштанд, ӯро зинда пайдо мекунанд. Эшназаров мегӯяд, "Шаҳбоз бачаи босавод буд, беақл набуд, намедонем, чаро ин корро кард. Ӯ барои идгузаронӣ ба хона омада будааст. Ҳамон субҳ роҳбараш телефон мекунад, ки ба кор ояд ва ӯ субҳ меравад. Як чизи номаълум ин ки ӯ дубора аз кор баргашта ба ноҳия меояд, намедонем, ба ӯ кӣ телефон кардааст ё чӣ ҳодиса шудааст, ки дубора бермегардад. Ба назди беморхонаи ноҳия меояд ва ҳамин ҳодиса сар задааст."
Хонаводаи Шаҳбоз миёнҳол буда, модараш хонашин ва падараш омӯзгори мактабанд. То замони лағви нияти хонадоршавии ҷавонҳо, волидони писар мутмаин буданд, ки тирамоҳи имсол ӯро оиладор мекунанд. Баъди марги Шаҳбоз, наздикон аз дохили китобу дафтарҳои ӯ дар утоқи кориаш шеъру таронаҳо дар бораи ишқу ошиқӣ ёфтаанд.
Аммо пайвандони Санавбар мегӯянд, онҳо ба издивоҷи ду ҷавон мухолифат надоштанд ва нофаҳмие байни худи Санавбару Шаҳбоз издивоҷи онҳоро зери суол бурд. Муссалам Шарифова, холаи Санавбар, рӯзи 18 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш чанд моҳ пеш нияти арӯсӣ бо Шаҳбозро рад карда гуфтааст, писар ба таҳсили ӯ мухолифат дорад ва намехоҳад ӯ дарсашро идома диҳад.
“Ӯ то он рӯз аз хона берун намерафт. Ҳамон рӯзи ҳодиса дугонаҳояш занг зада мехостанд баъди хатми омӯзишгоҳ якҷоя нишинанд. Дугонаҳо нақл мекунанд, ки дар назди беморхона байни Санавбару Шаҳбоз ҷанҷол шудааст ва писар духтарро бо худ ба як тараф бурдааст. Дигар сару садоҳои зиёд аст, аммо ҳар гапу коре, ки буд байни ҳардуяш монд, дигар намедонем чӣ шуд,” – афзуд ӯ.
Ҳоло қазияи марги Санавбару Шаҳбоз аз сӯи мақомоти ноҳия тафтиш мешавад. Худкушии ин ду дилдода сокинони деҳаи Зосун дар ноҳияи Айниро сахт такон додааст. Кумитаи ҷамъиятии деҳаи Зосун ҳам ин рӯзҳо миёни сокинони деҳ барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо сӯҳбатҳо мегузаронанд.
Худкушии ду ҷавон дар шимоли Тоҷикистон, дар ҳоле ду хонаводаро мотамзада кардааст, ки аз марги ду дилдодаи дигар дар вилояти Хатлон ҳамагӣ як моҳ гузаштааст. 7 июн айнан бо ҳамин шева, бо қасди худкушӣ, Фарҳод ва Моҳрӯ дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликули собиқ) худро аз ҷарии баланд партофтанд. Ба фарқ аз ҳодисаи Санавбару Шаҳбоз, дар ҳодисаи аввалӣ, Моҳрӯ ҷон бохт ва Фарҳод зинда монд. Сабаби қасди худкушии ду ҷавон дар собиқ ноҳияи Ҷилликӯл зиддияти волидон ба издивоҷи онҳо гуфта мешуд.