Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мисли девонаҳо шудам". Қиссаи мудҳиши як исқоти ҳамл


Марде, ки солҳо имом-хатиби масҷид будааст, дар исқоти ҳамлb маҷбурии кӯдаки 8-моҳа дар батни ҳамсараш ва ба ҳоҷатхона партофтани ҷасади ин кӯдак айбдор мешавад.

Додситонии ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки марде, ки аз зани аввалаш пинҳониӣ зани дувум гирифта буд, ба хотири пинҳон кардани ҳомиладории ӯ аз зани аввалаш ҳамсари навашро бидуни ризоияти ӯ маҷбур ба исқоти ҳамл (аборт) кардааст. Ин мард баъди анҷом исқоти ҳамла дар ноҳияи Носири Хусрав ҷасади кӯдакро ба ноҳияи Қубодиён оварда, дар ҳоҷатхонаи мактаби рақами 29 партофтааст.

Исқоти ҳамл ва ба ҳоҷатхона патофтани кӯдак моҳи майи соли 2015 сурат гирифтааст, вале ҷасади кӯдакро танҳо рӯзи 4 январ сокинони маҳаллӣ пайдо кардаанд.

Ҳоло алайҳи Тӯра Эшмуродов, падари кӯдак ва Самад Ҳасанов, табибе, ки бачаро аз батни модар берун овардааст, парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд.

Идимат Одиназода, муфатиши ин парвандаҳои ҷиноӣ рӯзи 9 феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Тӯра Эшмуродов, тибқи моддаи 124-уми Кодекси ҷинои Тоҷикистон, яъне ба исқоти ҳамл маҷбур кардани зан парванда кушодаанд ва ба ӯ то 2 сол ба корҳои ислоҳӣ ё 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Одиназода Идимат гуфт, ки алайҳи Самад Ҳасанов тибқи моддаи 123-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба исқоти ғайриқонунии ҳамл айбдор мешавад, ки муҷозоташ ҷарима бо андозаи аз 500 то 700 маоши ҳадди ақал ё 2 соли зиндон аст.

Муфттиш афзуд: “Тӯра Эшмуродови 49-сола, сокини деҳаи Садриддин Айнии ҷамоати деҳоти "Тахти сангин", солҳо дар масҷиди деҳа имом-хатиб будааст. Баъди ошкор шудани ҷинояташ имоми дигареро ба ҷойи ӯ интихоб карданд. Тӯра Эшмуродов феълан дар озодӣ, аммо таҳти назорати додситонҳост.”

Худи Тӯра Эшмуродов мегӯяд, ки ҳамсараш Зарина Ҷалолова намехост, ки кӯдакашро исқот кунад, аммо ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо духтур ин корро анҷом додааст. Эшмуродов мегӯяд, медонист, ки чунин кирдор дар Ислом гуноҳи сангин аст, аммо аз ақл бегона шуда ба ин кор даст задааст. Вай гуфт: "Мисли девонаҳо шудам, он рӯз намедонистам, ки чӣ кор мекунам. Медонам, ки гуноҳ аст, вале ҳамин корро кардам, ки ҳоло пушаймон шудаам, кӯдакро, ки писар будааст, бо дасти худамон куштем."

Исқоти ҳамли кӯдак, ки дар батни модар 12 ҳафта рушд карда ва инкишофи хуб дорад, дар Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад, аммо фарзанди батни Зарина Ҷалоловаи 35-сола алакай 8-моҳа буд.

Дар ҷамоати деҳоти "Тахти сангин" мегӯянд, ки ин кирдор ва он ҳам аз сӯи имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи Садриддин Айнӣ онҳоро ба ҳайрат андохт. Ба гуфтаи рӯҳониён, дар дини Ислом исқоти кӯдаке, ки алакай 3 моҳ дар батни модар инкишоф ёфтааст, мамнӯъ аст ва гуноҳи азим хонда мешавад.

XS
SM
MD
LG