Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифли якрӯзаи тоҷикро аз қуттии ахлоти Маскав ёфтаанд


Мақомоти интизомии Русия як зани муҳоҷири тоҷикро барои дар қуттии ахлот партофтани тифли ҳамагӣ якрӯзааш муттаҳам карда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Мақомоти интизомии шаҳри Маскав – пойтахти Русия – мегӯянд, ки як зани 38-солаи тоҷикро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони тифли ҳамагӣ якрӯзааш боздошт кардаанд. Юлия Иванова, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия дар Маскав, гуфт, ки ҳоло алайҳи ин зани тоҷик бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии он кишвар парванда боз шуда, тафтиши қазия идома дорад.

Аз ин зани тоҷик ном бурда намешавад. Вале, бино ба иттилои мақомот, ӯ тифли навзодашро дар дохили халтаи селофанӣ гузошта, баъдан аз ошёнаи панҷум ба лӯлаи ахлот партофтааст. Нашрияи "Московский комсомолец" навишт, ки ҳодиса шаби 6 ба 7 феврал ва ҳамагӣ баъд аз чанд соати таваллуди кӯдак рух додааст.

Ба иттилои нашрия, тифли партофтаи занро фарроше бо номи Ҳамид Хайруллоев, ки гуфта мешавад муҳоҷири корӣ аз яке аз кишварҳои Осиёи Марказист, пайдо намудааст. Ин манбаъ менависад, зани тоҷик дар кӯчаи Ҳавзи Борисовскийи Маскав зиндагӣ карда ва кӯдакро дар шароити хона ба дунё овардааст.

Ҳамид Хайруллоев дар сӯҳбат ба шабакаи телевизионии LifeNews-и Русия низ гуфтааст, ки субҳи зуд дар қуттии ахлот садои гиряи пасти кӯдакро шунида, ин навзодро дар даруни халтаи селофанӣ бо матои хунолуд ёфтааст. Ҳамид гуфтааст, ки кӯдакро дар болопӯшаш печонда ва бо кумаки фаррошони дигар ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардааст.

Ба қавли ӯ, кӯдаки навзод дар қисмати сару бадан ҷароҳати сангин бардошта ва ҳоло дар бахши эҳёгарии бемористон бистарӣ будааст. Пизишкон вазъи саломати кӯдакро вахим арзёбӣ кардаанд.

Пулиси Маскав мегӯяд, ки модари ин кӯдак билофосила боздошт шудааст. Тибқи иттилои муқаддамотӣ, ин навзод гӯё аз никоҳи ғайришаръӣ ба дунё омада ва аз ин лиҳоз зан талош кардааст, то аз ин тариқ аз фарзандаш халос бишавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло то як милилон аҳолии кишвар барои кору зиндагӣ дар Русия қарор доранд. Агар солҳои пеш муҳоҷирати корӣ асосан ба мардон рабт мегирифт, ҳоло ба ин корвон занону духтарони тоҷик низ ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG