Пайвандҳои дастрасӣ

Қадпастии тоҷикон – Айби оби ошомиданӣ, ё никоҳи хешутаборӣ?


Мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, ки як сабаби қадпастӣ ва вазни ками кӯдакони тоҷик ба сифати оби поки ошомиданӣ дар кишвар бастагӣ дорад. Ин хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ баъд аз анҷоми як таҳқиқот дар миёни се ҳазор хоҷагӣ дар гӯшаҳои гуноуни Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр эълон шуд.

Бештари мактабҳои Тоҷикистон шароити зарурии беҳдоштӣ ё санитарӣ надоранд. Яке аз сабабҳои асосии қадпастӣ ва хурдҷуссагии тоҷикон низ ба набуди оби тозаи ошомиданӣ вобаста аст.

Гузоришгарони Бонки Ҷаҳонӣ сифати оби ошомиданӣ дар Тоҷикистонро хеле паст дониста ва гуфтанд, ки дар таркиби об вирусҳои мухталифро пайдо карданд. Онҳо гуфтанд, ки танҳо 58 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби поки ошомиданӣ дастрасӣ доштаанд. Ин пажӯҳиш ҳамчунон мегӯяд, ки дастрасӣ ба оби ошомидании тоза дар шаҳрҳо 80 дарсад ва дар деҳот 47 дарсадро ташкил медиҳад.

"Бештари мактабҳо шароити зарурии беҳдоштӣ надоранд"

Алишер Раҷабов, яке аз муаллифони ин гузориш, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастрасӣ надоштани сокинони кишвар ба оби ошомиданиро наметавон нодида гирифт. Зеро, ба қавли ӯ, ҳаёти инсон ба оби тоза вобаста аст ва ҳатто дар батни модар оби носолим метавонад ба ҷисми инсони оянда таъсир гузорад.

“Бештари мактабҳои Тоҷикистон шароити зарурии беҳдоштӣ ё санитарӣ надоранд. Яке аз сабабҳои асосии қадпастӣ ва хурдҷуссагии тоҷикон низ ба набуди оби тозаи ошомиданӣ вобаста аст. Таҳқиқоти мо собит кард, ки ба ҳамин сабаб бархе аз духтарони ба синни балоғат расидаи тоҷик таҳсилро тарк мекунанд. Зеро дар мактабҳо, бахусус мактабҳои деҳоти Тоҷикистон шароити таъмини беҳдоштии духтарони ба балоғат расида вуҷуд надорад”, - афзуд ӯ.

Дар гузориш, аз ҷумла, дар робита ба тозагии об ва вобастагии беҳдоштии он ба сокинони дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ки аз назари таркиби химиявӣ обҳои Тоҷикистон мушкиле надоранд, аммо оби ошомидании ин кишвар пур аз вирусу бемориҳо назири шикамдарду кирми меъда мебошад.

Айби об ё никоҳи хешутаборӣ?

Дар ҳоле ки мушкили дастрасӣ ба об дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам мавриди нигаронии мақомот ва пажӯҳишгарон будааст, ин нахустин бор аст, ки як ниҳоди байналмилалӣ аз таъсири мустақими обу беҳдорӣ ба рушди физиологии инсон нигаронӣ мекунад. Фирӯза Қурбонова, духтури ғадудшиноси тоҷик, гуфт, илми тиб омилҳои паст будани қади инсонро пеш аз ҳама аз назари ирсӣ баҳогузорӣ мекунад ва мегӯяд, қади пасти инсон ба генетикаи авлодӣ ва шароити ҳомиладории модари кӯдак вобаста аст. Айни замон ин табиб гуфт, тавассути оби нопок ба ҷисми кӯдак вирусҳое мегузаранд, ки сабаби кунд шудани ҷараёни рушд ё бузургшавии ҷисми тифл мегарданд.

Дар чанд соли пеш пастии қади бисёр сокинони Тоҷикистонро мутахассисони тиб ба издивоҷи ҳамхунӣ ё хешутаборӣ рабт медоданд ва баъди ин, яъне аз 1-уми июли соли 2016 бар асоси як қонун дар Тоҷикистон сабти ақди никоҳи хешутабори наздик манъ шуд.

Табибон ва ҷомеашиносон мегӯянд, дар кишварҳое, ки рушди инсонӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар мешавад, сиҳҳатии мардум рӯ ба беҳбуд оварда, қаду қомати сокинонаш ҳам рушд мекунад. Ба унвони мисол, муҳаққиқон аз пешрафти иҷтимоии мардуми Кореяи Ҷанубӣ ё Чин намуна меоранд, ки дар муддати 23 соли охир бо сабаби беҳтар шудани сифати зиндагӣ ва дастрасӣ ба ғизои хуб қади миёнаи мардум ҳам чанд сантиметр баланд шудааст.

На ғизои хуб, на оби пок

Сокини Душанбе Мавҷуда Комиловаи 28-сола як умр аз қади пасташ нороҳат аст. Ӯ мегӯяд, ҳамагӣ 1 метру 40 сантиметр қад дорад ва ҳамин қоматпастӣ барояш мушкили зиёд пеш меорад. Мавҷуда Комилова мегӯяд, дар синни ӯ қадаш бояд ҳадди ақал 1 метру 60 сантиметр бошад, вале баъди муроҷиатҳои батакрор ба табибон барояш гуфтанд, ки ин мушкил ба даврони кӯдакӣ бармегардад. Ба гуфтаи Комилова, сабаби қадпаст буданашро пизишкон ба истеъмол накардани ғизои нирӯбахш ва оби пок дар кӯдакиаш марбут донистаанд.

Ба қавли мақомоти тоҷик, масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби поки ошомиданӣ бо сабаби бӯҳрони моливу иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйироти иқлим, ҳодисаҳои табиӣ ва мушкилоти дигар пурра ҳал нашудааст.

Масъалаи дастрасӣ ба об дар тӯли тамоми солҳои истиқлоли Тоҷикистон як мавзӯи доғ боқӣ мондааст. Ахиран ин мавзӯъро президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар Маҷмаи кулли СММ ҳам матраҳ кард ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масоили дастрасӣ ва захираҳои оби минтақа ҷалб кард.

"2 миллиард доллар зарур аст"

Ба қавли мақомоти тоҷик, масъала ҳанӯз ҳам бо сабаби бӯҳронҳои моливу иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйироти иқлим, ҳодисаҳои табиӣ ва мушкилоти дигар пурра ҳал нашудааст. Мушкили дигар, ба қавли мақомот, дар набуди инфрасохтори куллӣ ё қубури обгузар дар тамоми манотиқи Тоҷикистон аст, ки 93 дар сади қаламраваш кӯҳистон аст ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низоми бунёдшудаи даврони шӯравии обтаъминкунӣ ҳам дар бархе маконҳо хароб ва корношоям шуд.

Айни замон ҳудудан 60 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ дорад ва барои ҳалли ин мушкил, яъне бунёди инфрасохтори амалкунандаи таъминкунандаи тамоми аҳолӣ бо об 2 миллиард доллар сармоя зарур аст. Дар ин масъала ҳам Тоҷикистон умед ба сармоягузорони байналмилалӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG