Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қариб ними аҳолии Тоҷикистон аз оби поки ошомиданӣ маҳруманд


Дар Тоҷикистон ҳарчанд об гарон нест, аммо танҳо 57 дар сади аҳолӣ ба он дастрасӣ доранд. Тибқи таҳлилҳои ахир, танҳо каме беш аз нисфи ҷамъият ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд ва боқимонда – 43 дар сад аз он маҳруманд.

Масъалаи дастрасӣ ба об дар тӯли тамоми солҳои истиқлоли Тоҷикистон як мавзӯи доғ боқӣ мондааст.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки таъмини аҳолӣ бо оби поки ошомиданиро аз чолишҳои ҷиддӣ ва ҳам стратегияҳои муҳими давлат арзёбӣ мекунад, мегӯяд, барои эҷоди шароити ҳамаҷонибаи дастрасии мардум ба об ва бунёди инфрастуктураи зарурӣ на камтар аз 2 миллиард доллар маблағ зарур аст. Аммо ба гуфтаи Тағоймурод Исломзода, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзили коммуналӣ”-и Тоҷикистон, ки масъаларо рӯзи 23-юми май дар як ҳамоиш дар Душанбе матраҳ кард, Тоҷикистон батанҳоӣ имкони пайдо кардани ин маблағҳоро надорад.

Дар ҳамоиши минтақавӣ, ки аз тарафи созмони бритониёии «Оксфам» ва Барномаи ҳамкорӣ бо масоили об баргузор шуд ва 110 коршиносро аз даҳ кишвари ҷаҳон ба ҳам овард, мақомоти тоҷик аз созмонҳои коршарики Тоҷикистон бори дигар даъват карданд, ки дар амри бунёди хатҳои об кумак кунанд.

Ба қавли Исломзода, дар шароити кунунӣ хароҷоти расондани об ба шаҳрвандон назар ба маблағе, ки сокинон пардохт мекунанд, чаҳор дафъа бештар аст. Ӯ афзуд, «нархи арзиши як метри мукааб оби ошомидание, ки ба аҳолӣ мерасонанд, ҳамагӣ 88 дирам аст, аммо ин арзиш арзонтарин дар ҷаҳон мебошад. Аммо хароҷоте, ки барои расондани як метри мукааб об сарф мешавад, 2 сомониву 30 дирам, яъне чаҳор дафъа бештар аз онест, ки аҳолӣ пардохт мекунад.»

Тағоймурод Исломзода гуфт, маҳдуд будани қобилияти харидории сокинони Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки нархи об боло бурда шавад ва аз ин рӯ, ин корхона барои таъмини бештари сокинони кишвар бо об, корҳои аз ин бештарро анҷом дода наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, пуле, ки сокинон пардохт мекунанд, на барои худи об, балки арзиши дастрасӣ ба онро дарбар мегирад ва худи об ройгон дода мешавад.

Масъалаи дастрасӣ ба об дар тӯли тамоми солҳои истиқлоли Тоҷикистон як мавзӯи доғ боқӣ мондааст. Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ солҳои 2005-2015 ва ҳамакнун солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии об эълон карда, талош кардааст, барои таъмини эҳтиёҷоти кишварҳои ниёзманд ба об сармоягузорӣ шавад. Аз солҳои 1990-ум то имрӯз аз роҳи Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва коршарикони байналмилалии дигар ба Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи садҳо миллион доллар ворид шудааст. Ин маблағҳо барои бунёди шабакаҳои обгузаронӣ ва ё таъмири системаи қубурҳои даврони шӯравӣ ва тарҳҳои дигари масраф шудаанд.

Ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон ҳазорҳо сокини Тоҷикистон вақт ва маблағи зиёди худро барои дастрасӣ ба оби ошомиданӣ сарф мекунанд

Ба қавли мақомоти тоҷик, масъала ҳанӯз ҳам бо сабаби бӯҳронҳои моливу иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйироти иқлим, ҳодисаҳои табиӣ ва мушкилоти дигар ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Мушкили дигар, ба қавли дастандаркорон, дар набуди инфрасохтори куллӣ ё қубурҳои обгузар дар тамоми манотиқи Тоҷикистон аст, ки 93 дар сади қаламраваш кӯҳистон аст ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низоми бунёдшудаи даврони шӯравии обтаъминкунӣ ҳам дар бархе маконҳо хароб ва корношоям шуд.

Ҷефф Тсиндва, масъули барномаҳои GPSA, як ниҳоди вобастаи беҳбуди таъминоти об дар Бонки Ҷаҳонӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкили мардуми Тоҷикистон дар дастрасӣ ба оби ошомиданӣ мероси замони шӯравӣ аст ва мақомоти кишвар ҳоло талош доранд, ин камбудро бартараф созанд. Ба эътиқоди ҷаноби Тсиндва, кишварҳо ва созмонҳои кӯмакрасон бо дарназардошти ин мушкил аз соли 2011 ба ин сӯ ба ҳукумати Тоҷикистон беш аз 130 миллион доллар кӯмакҳо ироа кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон ҳазорҳо сокини Тоҷикистон вақт ва маблағи зиёди худро барои дастрасӣ ба оби ошомиданӣ сарф мекунанд, ки ба эътиқоди коршиносон дар зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум, дастрасии ноболиғон ба таҳсил ва саломатии тоҷикон асари номатлуб мегузорад.

XS
SM
MD
LG