Пайвандҳои дастрасӣ

Ранги зардамро бубину... Зардпарвин ба Оббурдон аз куҷо омад?


Як комиссияи махсус дар ноҳияи Мастчоҳ таҳқиқи сабабҳои хуруҷи бемории зардпарвин дар рустои Фирдавсии ҷамоати Оббурдони ноҳияро шурӯъ кард. Теъдоди дақиқи гирифторон гуфта намешавад, аммо тибқи арзёбии масъулони маҳаллии тиб, сухан аз даҳҳо нафар ва аксаран кӯдакон меравад.

Рустои ба номи Фирдавсӣ дар ҳудуди ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир буда, беш аз 6 ҳазор сокин дорад.

Музаффархон Баҳодуров, сарпизишки ноҳияи Мастчоҳ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз 6-уми сентябр комиссияи махсус ба кор оғоз кардааст ва ба зудӣ манбаи аслии хуруҷи зардпарвин дар рустои Фирдавсии ҷамоати Оббурдон дақиқ хоҳад шуд.

Афзоиши бемории зардпарвин дар як рустои ноҳияи Мастчоҳ сокинони ин манотиқро ҷиддан нигарон кардааст. Сокинон мегӯянд, давоми як моҳи охир асосан кӯдакони аз 2 то 4-сола ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, ки дар гузашта собиқа надоштааст. Дар ҳоле ки пизишкон афзоиши бемориро ба чанд омил рабт медиҳанд, сокинон мегӯянд, “ин беморӣ баъди он хуруҷ кард, ки дар минтақа оби ошомиданиро тариқи реҷа ҷорӣ карданд”.

“Иштиҳояш баста шуд”

Боғчаҳои бачагонаро зери назорат гирифтаанд
Боғчаҳои бачагонаро зери назорат гирифтаанд

Моҳиннисо Ҷӯраева 3 сол дорад. Наздиконаш мегӯянд, ки як муддат иштиҳои Моҳиннисо баста шуд ва даруни чашмонаш зард гардид. Ташхиси пизишкон нишон додааст, ки Моҳиннисо зардпарвин аст ва бояд фаврӣ табобат гирад.

Умедҷон Латифов, мудири Шуъбаи сироятии бемористони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, ҳар рӯз 3-4 шикоят дарёфт мекунад. Латифов ҳарчанд рақами мушаххаси гирифторони зардпарвинро нагуфт, аммо изофа кард, ки ҳудуди 60-70 дарсади шикоятҳо аз рустои ба номи Фирдавсии ноҳия мерасад.

Дар пайи зиёд шудани гирифторони бемории зардпарвин ба гуфтаи Умедҷон Латифов дар бемористони ноҳия ҷойи хоб ҳам кам мондааст. “Аз ҳисоби ҷой танқисӣ мекашем. Вазифаи мо дарёфт ва табобат кардани беморон аст. Зардпарвин солҳои гузашта бештар дар ҷамоати Обшорон сабт мешуд. Яке аз сабабҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ оби ифлос аст. Аммо оби рустои ба номи Фирдавсӣ то ҷое медонем, хуб аст”, - афзуд Умедҷон Латифов.

Дар бемористони марказии ноҳияи Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин масъала дар ҳоли баррасӣ аст. Як масъули бемористон гуфт, қарор аст, дар зудтарин фурсат дар бинои собиқи колхоз нуқтаи қабули беморон ифтитоҳ шавад.

“Об - барои чанд соат”

Дар ҳоле ки пизишкон ҳанӯз сабабҳои хуруҷи зардпарвинро дақиқ накардаанд, сокинон вазъиятро ба камбуди оби ошомиданӣ рабт медиҳанд. Мусоҳибони мо деҳаи ба номи Фирдавсӣ гуфтанд, ки дар гузашта оби ошомидании онҳо тариқи чоҳи амудӣ ва шабонарӯзӣ дода мешуд. Ҳоло об барои чанд соат дода мешаваду бас.

Дар пайи афзоиши бемории зардпарвин дар рустои ба номи Фирдавсӣ масъулини боғчаи маҳалла низ тамоми кӯдаконро аз ташхис гузарондаанд.

Рустои ба номи Фирдавсӣ дар ҳудуди ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир буда, беш аз 6 ҳазор сокин дорад. Сокинони ин русто асосан ба деҳқонӣ бахусус ба кишти чормағзи заминӣ машғуланд. Бемории зардпарвин бемории сироятӣ буда, асосан ҷигари инсонро сироят мекунад. Табибон мегӯянд, як сабаби хуруҷи беморӣ дар организм ба хуни инсон гузаштани билирубин – пигментҳои зардранг аст, ки баъдан тамоми бадани инсонро мариз мекунад. Ин маризӣ хатарзо буда, танҳо зери назари табибон муолиҷа мешавад.

Солҳои охир дар Тоҷикистон шумори гирифторон ба гепатит дар ҳудуди 10 ҳазор нафар гуфта мешуд. Мақомоти Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки хатари гирифторӣ ба беморӣ дар манотиқи дурдаст ҳамеша бештар аст, чунки дастрасии сокинон ба маводи тозаву санитарӣ ва ҳам хадамоти боисифати тиббӣ камтар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG