Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роспотребнадзор: Зардпарвин ба Русия аз Тоҷикистон ворид шудааст


Доруҳо барои табобати бемории зардпарвин
Доруҳо барои табобати бемории зардпарвин

Тибқи иттилои ин ниҳод, танҳо дар зарфи яку ним моҳи ахир дар вилояти Тюмени Русия 9 ҳодисаи мубтало ба ин беморӣ сабт шудааст. Дар соли гузашта теъдоди афроди мубтало ба ин мараз дар вилояти Тюмен ба 24 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Аъзам Мирзоев, муовини раиси Маркази санитарию назоратии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 22 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, имкони вуруди ашхоси мубтало ба ин бемориро аз Тоҷикистон ба Русия баъйид намедонад.

Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, ташхиси ин беморӣ дар марҳилаи аввал душвор буда, мумкин аст дар шакли “инкубаторӣ” дар вуҷуд шахс ба минтақаи дигар паҳн шавад.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, дар солҳои Тоҷикистон мавориди эпидемия ё хуруҷи бемории зардпарвин сабт нашуда, баръакс раванди коҳиши теъдоди мубталоёни он ба мушоҳида мерасад.

Масалан, тибқи иттилои Маркази санитарию назоратии Тоҷикистон, дар соли гузашта дар ин кишвар 3400 мавриди мубталои шаҳрвандон ба бемории зардпарвин сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2014 якуним ҳазор маврид камтар будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои ахир дар расонаҳо ва нашрияҳои мустақил хабарҳо дар бораи хуруҷи бемории зардпарвиндар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба нашр расидаанд.

Аз ҷумла, дар моҳи марти соли 2014 хабарҳо дар мавриди хуруҷи ин беморӣ дар навоҳии вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон пайдо шуданд.

Таъкид шуда буд, ки танҳо дар ноҳияи Шаҳристони ин вилоят беш аз 50 шахси мубтало сабт шудааст. Он замон масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон,вуҷуди бемории зардпарвинро дар ин вилоят тасдиқ карда, аммо гуфта буданд, ки ин вазъ ба ҳеч хуруҷ ё эпидемия маҳсуб намешавад.

Коршиносон дар умури беҳдошт мегӯянд, таъмин набудани аҳолии бархе аз манотиқи Тоҷикистон бо оби софи нӯшокӣ, вазъи бади санитарии бозору фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣва риоя накардан ба қоидаҳои маъмулии беҳдошти шахсӣ ҳангоми истеъмоли ғизоба густариши бемориҳои сирояткунанда, назири зардпарвин сабаб мешавад.

Зимнан, муолиҷаи бемори гирифтори зардпарвин то 20 рӯз идома дошта ва муддати парҳези ин мараз 6 моҳ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG