Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои сокинон ба сифати оби Душанбе – олӣ, хуб ё бад? ВИДЕО


57 дар сади назардиҳандагон дар вебсайти расмии Корхонаи обу корези Душанбе ба сифати оби ошомиданӣ дар пойтахт баҳои “бад” додаанд. Бино ба ин пурсиш, 9 дар сади дигар сифати оби ошомиданиро олӣ ва 7 дар сади дигар “хуб” гуфтаанд. Як сокини пойтахт рӯзи 26-уми май дар сӯҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "фикр мекунам, обе, ки аз Варзоб меояд, он қадар тоза нест. Аз нигоҳи санитарӣ мақомоти махсусе ҳаст, ки бояд сифати обро муайян мекунанд, вале ончи мебинем, он қадар тоза нест."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Оё сифати оби Душанбе ҷавобгӯй аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Соли 1997 дар Душанбе бемории домана хуруҷ карда буд, ки чанд соли баъд ҳам идома дошт. Ҳарос аз ин бемории кушанда, ки маъмулан аз тариқи об паҳн мешавад, аксари сокинонро ба худдорӣ аз истифодаи оби нополида ва ноҷӯшидаи лӯлаҳои манзилашон маҷбур кардааст. Шаҳноз Комилзода, сокини Душанбе, 20 соли ахир аз оби ҷумакҳо бидуни поксозӣ ва ҷӯшондан истифода накардааст. Ҳатто бе дастгоҳи полоиш обро дар мошини либосшӯӣ истифода намебарад.

Шаҳноз Комилзода
Шаҳноз Комилзода

Комилзода мегӯяд, “даҳ сол аст, ки мо аз филтр истифода мебарем. Тавре мебинем, ин филтрро як моҳ ҳам нашудааст, ки иваз кардам. Дар тӯли як моҳ дохили он пур аз хоку лой шудааст. Намедонам сабаб чӣ аст, ки як соли ахир вазъи оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе бисёр бад гардидааст. Метарсам, ки боз ягон эпидемия наояд.”

Мақомоти Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ҳозир нашуданд, сабаби бад муаррифӣ шудани сифати оби ошомиданӣ аз сӯи сокинонро шарҳ диҳанд. Дар ҳоле ки дар аксар хонаҳои сокинони пойтахт ҳисобкунакҳои об насб кардаанд ва бо сокинон шартномаи фурӯши обро доранд. Ҳарчанд дар он шартномаҳо масъулияти сокинон мушаххас шудааст, вале ба вазифаҳои корхона ва ба кадом сифати об таъмин кардани харидор ҳатто ишорае ҳам нарафтааст.

Аммо мақомоти Маркази назорати давлатии санитариву эпидемологии шаҳри Душанбе сифати оби ошомидании пойтахтро ҳамарӯза аз 87 нуқта дастрас ва 15 навъи ташхис мегузаронанд.

Соҳибназар Зоиров, мудири шӯъбаи коммуналии Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 789 намунаи об дар ташхистгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе аз ташхис гузаронда шудаааст, ки аз ин 473 намунаи об ба талаботи “гост”-и оби ошомиданӣ аз рӯи тирагии об ҷавобгӯ нест. Аз сӯи дигар, ба қавли ӯ, нишондодҳои микробиологӣ ва кимиёвӣ оби имрӯза ба “гост” ҷавобгӯ аст.

Дар пойгоҳи обрасонии шаҳри Душанбе корхонаи коркард ва таҳшин кардани оби ошомиданӣ дар ҳоли сохтмон мебошад ва қарор аст то як моҳи дигар мавриди истифода қарор дода шавад. Пойтахти Тоҷикистон аз 4 шабакаи обрасонӣ бо об таъмин карда мешавад. Ду шабакаи он обҳои зеризаминӣ ва 2 шабака обҳои рӯдхонаиро ба сокинон интиқол медиҳад.

Бештар бихонед:

Дар бораи дастрасии сокинони Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ

XS
SM
MD
LG