Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду деҳа дар Кӯлоб ду моҳ боз беобанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.

Аз ду моҳ боз сокинони деҳаҳои Сариёзи боло ва Сариёзи поёни ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Сокинони ин маҳалҳо аз масофаи як километр дурӣ ба хонаҳои худ об мекашонанд.

Тобонбӣ Исмонова, яке аз сокини 45-солаи деҳаи " Сариёзи боло"-ро шомгоҳи рӯзи 29 ноябр ҳангоми обкашонӣ дар шоҳроҳи Ховалинг-Кӯлоб мошин зер кард ва ӯ дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон бохт. Ҳоло аз Тобонбӣ се фарзанд боқӣ мондааст. Шарифа Одилова, хушдомани Тобонбӣ гуфт, ки келинаш ҳар бегоҳ бинобар набудани об аз деҳаи ҳамсоя оби ошомиданӣ меовард: "Ҳамон бегоҳ бо писараш барои об рафта буд..."

Дар ин ду деҳа ҳудуди 400 хоҷагӣ ба сар мебарад ва тай ду моҳ борҳо ба масъулин шаҳри Кӯлоб аз набуди об шикоят карданд, вале касе ба доди онҳо нарасидааст. Сафаралӣ Пирназаров, муовини раиси деҳаи " Сариёзи боло" мегӯяд, ки баъди марги ҳамдеҳаашон, маблағ ҷамъоварӣ карда ва 600 метр қубури пластикӣ харидорӣ карданд: "Маблағ ҷамъ карда қубури пластикӣ харидорӣ кардем, то мардум ба шоҳроҳ набарояд..."

Ду деҳа дар Кӯлоб ду моҳ боз беобанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Баъди ҳар нисфирӯзӣ занҳои деҳаи Сариёзи боло ва Сариёзи поён зарфҳои худро ба деҳаи Навободи ҳамсоя мебаранд ва дар сари қубурҳои об дар навбат мегузоранд. Об дар ин деҳа баъди расидани қувваи барқ ҷорӣ мешавад. Юсуф Латипов, раиси деҳаи " Сариёзи поён" мегӯяд, бори аввал нест, ки сокинони ин деҳотро мошин ҳангоми обкашӣ зер мекунад. "Ду моҳ шуд об надорем, аммо аз мо пули об мегиранд. Қариб дар ин ду деҳа 3000 одам аст, аммо ҳама об мекобад."

Шаҳноза Табароваро як моҳ пеш мошини сабукрав зад. Аммо ӯ баъди муолиҷа дубора ба по хест ва ҳоло боз обкаширо идома медиҳад. Гулмоҳ Шералиева, хушдомани Шаҳноза қисса кард, ки то ҳол келинашро муолиҷа доранд, аммо аз набудани об, маҷбур аст обкаширо идома диҳад.

Масъулини Идораи хоҷагии оби шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки ҳоло онҳо бояд ба маблағи 800 ҳазор доллар дар ин ду деҳа тарҳеро оғоз кунанд. Сӯҳроб Раҳимов, раиси Идораи хоҷагии оби шаҳри Кӯлоб гуфт, тибқи ин тарҳ, дар ин деҳот қубурҳои обгузар аз нав таъмир мeшавад. Ӯ афзуд, ки моҳи оянда сокинони ин деҳот бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ин ду деҳа дар 18-километраи шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда дар онҳо ҳудуди 400 хонавода зиндагӣ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG