Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На фақат барқ, об ҳам надорем". САДО


Бо сард шудани ҳаво ва боришоти зиёди барф дар аксар шаҳру навоҳии кишвар интиқоли нерӯи барқ қатъ шуда, сокинон мегӯянд, аз беобӣ низ азият мекашанд. Бархе аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ низ аз бебарқиву беобӣ шиква карда ва гуфтанд, ки як ҳафта аз норасоии оби нӯшокӣ, оби барфу боронро истеъмол кардаанд.

Зиндагии беобу барқи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
Линки мустақим

“Пули обро мегиранд, аммо худи об нест”

Наргис, -- як сокини 39-солаи маҳаллаи 5-уми ноҳияи Рӯдакӣ зимни сӯҳбат ба “Радиои Озодӣ” гуфт, яку ним моҳ инҷониб аз норасоии об танқисӣ мекашанд ва ҳар гоҳе ба масъулин шикоят кунанд, онҳо кафидани қубурҳоро баҳона мекардаанд. Ба гуфтаи ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ, кормандони идораи обтаъминкунии ноҳия ҳамеша барои гирифтани пули об меоянд, вале вақте мардум аз беобӣ шиква кунанд, баҳона пеш меовардаанд:

“Умуман об надорем, вақте ба маъулин шикоят кунем “лӯлаҳо” кафидагӣ аст, барқ нест, матор сӯхтагӣ аст” гуфта баҳона мекунанд. Лекин ҳаррӯз барои пули об меоянд. Мегӯянд, “пули обро деҳ, пули барқро деҳ”. Вале на об ҳасту на барқ”,-афзуд Наргис.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки дар чанд муддати набудани об, онҳо оби борону барфро истеъмол кардаанд.

“Аз маҷбӯрӣ оби лой хӯрдем”

Донёр Тағоев, сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ низ аз набудани оби нӯшокӣ шикоят кардаву гуфт, як ҳафта дар маҳаллашон об набудааст ва сокинон аз маҷбурӣ оби лойи ҷӯйборро истеъмол кардаанд: “Як ҳафта як қатра обро ҳам надидем. Ва дар як ҳафтаи об набудан, мардум мерафтанду аз ҷӯйборе, ки лойоб асту дар он партов партофтаанд, об гирифтаву истифода мебурданд. Мехоҳем шикоят кунем, баъзеҳо мегӯянд, ки шикоят кунӣ, аз ин рӯзат ҳам мемонӣ. Ва мардум аз шикоят кардан метарсанд”, - афзуд, ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ.

Ба гуфтаи Тағоев, мушкилии норасоии об дар маҳаллаашон танҳо бо расидани зимистон сар назада, ҳанӯз дар фасли гармо низ аз набудани об танқисӣ мекашидаанд ва дар моҳи Рамазон як моҳ беоб буданд.

Насриддин ном сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, аз сабаби истеъмол кардани оби барфу борон аҳли оилааш ба бемории гулӯдард гирифтор шудаанд. Ӯ сабаби як ҳафта набудани обро дар кор накардани трансформатори насосҳои обтаъминкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, масъулин пули барқро насупоридаанд ва шабакаи барқтаъминкунии ноҳия симҳои барқро “буридааст”.

“Арз кардем, гуфтанд, ки симҳои трасформатори “водоканал”-ро буридаанд. Охир пули халқро ҷамъ мекунанд, вале насупоридаанд. Мо пулро рафта тариқи карта месупорем. Чаро пулро мегиранду барқро намедиҳанд? То кай пулро мегиранду хӯрда мегарданд?”, - гуфт, ҷаноби Насриддин.

Мақомот: “Дар масъалаи об танқисӣ намекашем”

Дар ҳамин ҳол аз шабакаи обтаъминкунии ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ки дар обтаъминкунӣ мушкилӣ надоранд ва танҳо ҳафтаи гузашта бо сабаби набудани барқ, натавонистаанд мардумро бо об таъмин намоянд. Маҳмадшариф Миралиев, сармуҳандиси шабакаи обтаъминкунии ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, дар пайи боришоти зиёд ноқилҳо канда шудаанд ва ин боис гардидааст, ки мардум беоб монанд.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

“Ҳама вақт обанборҳои мо пури об ҳастанд. Мо дар масъалаи об ягон танқисӣ намекашем. Медонед, ки ҳоло лимит аст ва агар чанд соати барқ дода шавад, мо ҳамон қадар мардумро бо об таъмин мекунем. Ва бар асари барф ноқилҳо канда шуданд ва мо ҳамакаса ҳамроҳи электрикҳо баромада ёрдам кардаву онҳоро барқарор кардем ва шаби гузашта соати 7-и шаб ба мардум об додем”, -гуфт, Миралиев.

Ҷаноби Миралиев дар хусуси бо оби ошомиданӣ таъмин набудани хонаҳои баландошёнаи ин ноҳия гуфт, ки онҳо барои ин кор ӯҳдадор нестанд ва то наздикии хонаҳо обро таъмин мекунанду халос: “Даруни хона моли шахсии худашон аст ва онҳо худашон онро таъмир мекунанд. Аз сабаби онки мардум дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, мо дар кӯча хатҳои об ташкил кардаем, ки мардум беоб намонанд. Ва кадом сокине, ки қуввати молӣ дораду нассос харида мемонад, ба хонааш об мебарояд.”

Маҳмадшариф Миралиев, сармуҳандиси шабакаи обтаъминкунии ноҳияи Рӯдакӣ сабаби набаромадани обро ба хонаҳои баландошёна дар фарсуда шудани қубурҳои обгузар медонад ва мегӯяд, дар назар аст, ки соли 2017 ҳамаи қубурҳоро таҷдид карда ва хонаҳои сокинонро бо об пурра таъмин намоянд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG