Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршед Ҷабборзода – як мақоми Додситонии кул зиндонӣ шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон Хуршед Ҷабборзода, як мақоми баландпояи Додситонии кулро барои ҳафт сол равонаи зиндон кард. Ӯ яке аз даҳ нафаре буд, ки дар чаҳорчӯби парвандаи пурсарусадои кормандони Оҷонсии зиддифасод охири моҳи майи имсол боздошт шуд.

Ҷабборзода, ки то замони боздошт муовини сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кул буд, собиқаи кор дар Оҷонсии мубориза бо фасодро низ доштааст. Сабаби боздошт ва ҳукми ӯ низ ба замони кораш дар ин Оҷонсӣ бармегардад.

Як манбаи огоҳ аз парванда рӯзи 22-юми сентябр гуфт, ки дар бораи Хуршед Ҷабборзода дигар боздоштшудаҳо шаҳодат доданд ва боздошти ӯ бар ин асос сурат гирифт.

Худи ӯ дар сухани охиринаш дар додгоҳ иттиҳомро ноодилона дониста, аз додрас хостааст, ки ӯро озод кунад.

Ҳукми Ҷабборзода дар ҳоле содир шуд, ки рӯзи 19-уми сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон шаш боздоштшудаи дигар ин парвандаи пуровозаро ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард. Бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши пешини Оҷонсии мубориза бо фасод 15 сол, Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов) 13 сол ва Амиршо Султонзода 10 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Додгоҳ Қосим Давлатовро, ки бо номи "Ҳоҷи Қосим" маълум аст ва ду нафари дигар -- Афзалов ва Сафаралӣ Ҳомидзодаро барои 6-солӣ маҳкум ба зиндон кардааст.

Ин афрод асосан ба қаллобӣ, ришвагирӣ ва ҷиноятҳои дигар айбдор мешаванд. БЮа далели махфӣ будани парванда ва пӯшида гузаштани мурофиа ҷузъиёти зиёде дар даст нест.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG