Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ду омили дигари занозании Душанбе эълон шуд


Бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе ду омили дигари занозании маргбор дар пойтахтро ба муддати аз севуним то 19 сол зиндонӣ кард. Бино ба қарори додгоҳ, ки охири ҳафтаи гузашта содир шудааст, Фирӯз Додарбеков 19 ва Фаридун Наҷмиддинов 3,5 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Зерҳимояи ман гуфт, ки бо ягон кас дар бораи ҷанг маслиҳат накарда буданд. Нохост вориди ҳамин ҷанҷол шудааст.

Ҳафтаи гузашта додгоҳ тақрибан даҳ омили занозании шаби 2-юми январ дар шаҳри Душанберо ба зиндон ва пардохти ҷарима маҳкум карда буд. Дар ин муноқиша ду нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Наздикони Фирӯз Додарбеков рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбиниаш ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд кард.

Рустам Қурбонов, вакили дифои Фаридун Наҷмиддинов, гуфт, бо вуҷуди инки нафари таҳти ҳимояташ даст доштани худ дар ин ҳодисаро рад кард, вале додгоҳ ӯро ба 3,5 соли зиндон маҳкум намуд. “Ӯ гуфт, ки дар занозанӣ ягон касро латту кӯб накардааст. Аммо гапи ӯро ба назари эътибор нагирифта ва зиндониаш карданд. Зерҳимояи ман гуфт, ки бо ягон кас дар бораи ҷанг маслиҳат накарда буданд. Нохост вориди ҳамин ҷанҷол шудааст. Мегӯяд, ки мақсади ягон касро задан надошт ва назадааст”, - афзуд Рустам Қурбонов.

Дар ин ҳодиса Сомон Шарифов кушта шуд
Дар ин ҳодиса Сомон Шарифов кушта шуд

Дар ҳодисаи занозанӣ дар маҷмуъ 20 нафар боздошт шуда, то кунун ҳукми як гурӯҳи онҳо содир шудааст. Оғози ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе ду ҷавонеро, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов даст доштанд, ба муддати 10-солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ин ду нафар бо моддаи 104 (куштор), гунаҳкор дониста шуданд. Додгоҳ номи маҳкумшудаҳоро ба хотири ноболиғ буданашон ошкор накардааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, чаҳор ҷавони дигар, ки низ ноболиғ мебошанд, ба муддати 5-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда ва ду нафари дигар ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар моҳи майи имсол гурӯҳе аз волидони ин ҷавонон ва вакилони дифои онҳо ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод карданд, дар парвандаи онҳое, ки дар қатл бевосита даст надоштанд ва ё дар лаҳзаҳои занозанӣ ҳузур доштанду қасди куштор надоштанд, бозбинӣ сурат бигирад. Дар оғоз ҳамаи 20 ҷавоне, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштанд, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор" муттаҳам дониста мешуданд.

Ин занозанӣ соати даҳи шаби 2-юми январи имсол миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт рух дода, дар натиҷаи он Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (1999) аз захмҳои амиқ ҷон бохтаанд.

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон он замон бо нашри хабарномаи расмӣ гуфтанд, ки муноқиша ҷанбаи “авбошӣ” дошт. Онҳо гуфтанд, “гурӯҳи ҷавонписарон бо ҳадафи ба якдигар расондани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худ "корд", "оҳан" ва "битта" гирифта, дар шаҳраки 104-ум якдигарро задаанд. Онҳо муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.”

Дар аввал гуфта мешуд, ин занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст. Вале масъулони Вазорати маориф гуфтанд, баъзе аз ин хонандагон пас аз хатми синфи нӯҳ аз мактаб баромада, занозаниашон ба таҳсилу мактаб ҳеҷ рабт надорад.

Баъдан гуфта шуд, ки гӯё ин ҷавонҳо дар назди як маркази компютерӣ занозанӣ кардаанд. Ба дунболи ин, мақомот рафтани мактаббачагон ба марказҳои букмекерӣ ва бозиҳои компютериро манъ карда, танҳо дар моҳи феврал ба дари 72 марказ барои роҳ додани ноболиғон қуфл заданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG