Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 11 нафар дар робита ба занозании ҷавонон дар Душанбе. ВИДЕО


Сомон Шарифов, яке аз қурбониёни ҳодисаи занозанӣ миёни мактабхонҳо дар шаҳри Душанбе.

Дар робита ба занозании гурӯҳе аз навҷавонон дар маҳаллаи 104-уми Душанбе, ки бо марги ду нафар анҷом ёфт, ёздаҳ тан боздошт шудаанд. Дар ин бора рӯзи 4 январ мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода ва гуфтанд, "дар маҷмӯъ, дар ин занозанӣ ҳудуди 20 нафар иштирок доштанд". Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ боздошти гумонбаронро тасдиқ карданд, вале нагуфтанд, ки чӣ теъдод дастгир шудааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Занозании наврасон дар Душанбе бо марги ду нафар анҷомид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Гурӯҳи ҷавонписарон бо худ "корд", "оҳан" ва "битта" гирифта, дар шаҳраки 104-ум якдигарро задаанд.

Масъулони Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ин занозанӣ соати даҳи шаби 2 январ миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт рух дода, Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (соли таваллудаш 1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (соли таваллудаш 1999) аз захмҳои амиқ ҷон бохтаанд. Рӯзи гузашта ҷасади Сомон Шарифов, яке аз қурбониёни ин ҳодиса, ба хок супурда шудааст. «Аз рӯи қазия тафтишоти пешакӣ идома дорад», - таъкид карданд дар вазорат.

Дар ҳоле ки Вазорати корҳои дохилӣ иллатҳои ин занозаниро шарҳ надодааст, масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри хабарномаи расмӣ гуфтанд, муноқиша ҷанбаи «авбошӣ» ва «маҳалгароӣ» дорад. Онҳо гуфтанд, «гурӯҳи ҷавонписарон бо ҳадафи ба якдигар расондани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худ "корд", "оҳан" ва "битта" гирифта, дар шаҳраки 104-ум якдигарро задаанд. Онҳо муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд."

Дар аввал гуфта мешуд, ин занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст. Вале масъулони Вазорати маориф гуфтанд, баъзеи ин хонандагон пас аз итмоми синфи нӯҳ аз мактаб баромада, занозаниашон ба таҳсилу мактаб ҳеҷ рабт надорад.

Мудир: Воқеан, чунин ҳодиса рух додааст

​Аз ин қабл, Ҳамидуллоҳ Фақиров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "воқеан, чунин ҳодиса рух додааст, аммо ба далели ворид накардани халал ба ҷараёни тафтишот, аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ мекунам". Вай афзуд, "ман ҳоло дар бинои ҳукумати ноҳияи Сино қарор дорам ва бо масъулони мактабҳо ин мавзӯъро баррасӣ мекунам."

Ҳамидуллоҳ Фақеров
Ҳамидуллоҳ Фақеров

Мойхон Шарифова, модари Сомон Шарифов, рӯзи 4 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби ҳодиса соатҳои тақрибан нӯҳ як нафар ба писараш занг зада ва ба берун даъват кардааст. Сомон ба модараш гуфтааст, як дӯсташро гусел мекунад ва бармегардад. Ба гуфтаи Мойхон Шарифова, баъд аз се соат онҳо хабар ёфтанд, ки писараш кушта шудааст. Вай афзуд, Сомон баъд аз ҷароҳат бардоштан, аз ҷои ҳодиса ду истгоҳ пиёда меравад ва баъдан ҷон медиҳад.

"Чанд нафар боздошт шудааст"

Яке аз омӯзгорон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, саркардаи занозанӣ миёни мактаббачаҳои синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Сино, онҳое будаанд, ки мактабро соли гузашта хатм кардаанд.

Даромадгоҳи мактаби шумораи 54-и шаҳри Душанбе.
Даромадгоҳи мактаби шумораи 54-и шаҳри Душанбе.

Сабабҳои ин занозанӣ то ба ҳол маълум нест, аммо ба гуфтаи наздикони яке аз қурбониёни ҳодиса, пулис чанд нафарро дар ин робита боздошт кардааст ва дар ҳоли ҳозир онҳо дар боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Барои бори аввал нест, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахт миёни мактабхонҳо занозанӣ сурат мегирад. Аз ҷумла дар моҳи октябри соли гузашта бар асари занозанӣ миёни мактабхонҳо дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, як нафар ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол дода шуда буд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон он замон гуфт, ки яке аз ин мактабхонҳо бо корди дар дасташ буда ба пойи хонандаи дигаре зада ва ӯро маҷрӯҳ кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон он замон 4 нафар хонандагони синфи 11-и яке аз мактабҳои пойтахтро ба гумони авбошӣ боздошт карда буд.

Шарҳҳоро бинед (93)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG