Пайвандҳои дастрасӣ

Омилони занозанӣ дар Душанбе зиндонӣ шуданд. САДО


Парвандаи пурсарусадои занозании ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-и пойтахт баъд аз чанд моҳи баррасӣ поён ёфт ва додгоҳ авохири ҳафтаи гузашта, ҳукми худро дар нисбати муттаҳамон эълон кард. Дар ин ҳодиса, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ рух дод, ду нафар кушта ва чанд тани дигар захм бардошта буданд.

Ба иттилои Додгоҳи шаҳри Душанбе, ду ҷавоне, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов даст доштанд, ба муддати 10-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин ду нафар бо моддаи 104 (куштор), гунаҳкор дониста мешаванд. Додгоҳ номи маҳкумшудаҳоро ба хотири ноболиғ буданашон, ошкор накардааст.

Дар аввал гуфта мешуд, ин занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои 43, 54 ва 101-и ноҳияи Сино рух додааст. Вале масъулони Вазорати маориф гуфтанд, баъзе аз ин хонандагон пас аз хатми синфи нӯҳ аз мактаб баромада, занозаниашон ба таҳсилу мактаб ҳеҷ рабт надорад.

Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ, чаҳор ҷавони дигар, ки низ ноболиғ мебошанд, ба муддати 5-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда ва ду нафари дигар ба маблағи 5000 сомонӣ, ҷарима шудаанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки имрӯз, 8-уми август дар як мурофиаи дигар, ҳукми ду нафари дигар аз афроди боздоштшудаи ин гурӯҳро, эълон хоҳад кард.

Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеи яке аз айбдоршавандаҳо, ки дар мурофиаи рӯзи ҷумъа иштирок дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ибтидо ин ҷавонон бо моддаи 104, яъне куштор айбдор дониста мешуданд, вале бо назардошти ноболиғ буданашон, бо моддаҳои дигар, алайҳи онҳо айб эълон шуд.

Омилони занозанӣ дар Душанбе зиндонӣ шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим

Дар моҳи май гурӯҳе аз волидони ин ҷавонон ва вакилони дифои онҳо ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод карда буданд, ки дар парвандаи онҳое, ки дар қатл бевосита даст надоштанд ва ё дар лаҳзаҳои занозанӣ ҳузур доштанду қасди куштор надоштанд, бозбинӣ сурат бигирад. Дар оғоз ҳамаи 20 ҷавоне, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштанд, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор" муттаҳам дониста мешуданд.

Дар ин ҳодиса Сомон Шарифов кушта шуд.
Дар ин ҳодиса Сомон Шарифов кушта шуд.

Ин занозанӣ соати даҳи шаби 2-юми январи имсол миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт рух дода, дар натиҷаи он Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (1999), аз захмҳои амиқ ҷон бохтаанд.

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон он замон бо нашри хабарномаи расмӣ гуфтанд, ки муноқиша ҷанбаи “авбошӣ” дошт. Онҳо гуфтанд, “гурӯҳи ҷавонписарон бо ҳадафи ба якдигар расондани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худ "корд", "оҳан" ва "битта" гирифта, дар шаҳраки 104-ум якдигарро задаанд. Онҳо муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.”

Дар аввал гуфта мешуд, ин занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст. Вале масъулони Вазорати маориф гуфтанд, баъзе аз ин хонандагон пас аз хатми синфи нӯҳ аз мактаб баромада, занозаниашон ба таҳсилу мактаб ҳеҷ рабт надорад.

Баъдан гуфта шуд, ки гӯё ин ҷавонҳо дар назди як маркази компютерӣ занозанӣ кардаанд. Ба дунболи ин, мақомот рафтани мактаббачагон ба марказҳои букмекерӣ ва бозиҳои компютериро манъ карда, танҳо дар моҳи феврал ба дари 72 марказ барои роҳ додани ноболиғон қуфл заданд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG