Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори як духтари мактабхон дар Турсунзода. АКСУ САДО


Додситонии шаҳри Турсунзода дар робита ба қатли як духтари ноболиғ бо дасти ду ҳамсинфаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 16 феврал дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии кишвар бо изҳори нигаронӣ гуфт, "ду хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода ба номуси ҳамсинфи худ таҷовуз карда, баъдан ӯро ба қатл расондаанд."

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ин ду хонандаи мактаб боздошт ва аз тарафи додситонӣ алайҳи онҳо бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. "Бинобар халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот ва ноболиғ будани боздоштшудаҳо аз онҳо ном намебарам, аммо ин ҳодисаро додситонӣ таҳқиқ дорад", - афзуд ӯ.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми гузоришдиҳӣ дар Маҷлиси Миллӣ. 16 феврали 2017
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми гузоришдиҳӣ дар Маҷлиси Миллӣ. 16 феврали 2017

Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, баъди куштори ин духтар ҷасадаш оташ зада шудааст.

Ҳодисаи куштори як духтари ноболиғ ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ҷамоати Сешанбеи шаҳри Турсунузода рух додааст. Саодат Умарова, раиси ҷамоати Сешанбеи шаҳри Турсунзода, рӯзи 16 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса онҳоро сахт нигарон кардааст.

"Ҳоло гурӯҳи корӣ ба хотири такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар ҳамкорӣ бо волидон корҳои ташвиқотиро оғоз кардааст. Ин ҳодиса боис ба нигаронӣ ҳаст ва кӯшиш мекунем, бо корҳои фаҳмондадиҳӣ аз рух додани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон пешигирӣ кунем", - афзуд ӯ.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15 феврал дар як ҷаласа бо фаъолони шаҳри Душанбе аз афзоиши ҷиноят миёни ноболиғон нигаронӣ карда, ба мақомот супориши ҷилавгирӣ аз содир шудани чунин ҳодисаҳоро дода буд. Шоми 5 январи соли равон дар пайи як занозанӣ дар маҳаллаи 104-и шаҳри Душанбе ду ҷавон кушта шуданд. Баъдан рӯзи 11 январ низ дар пайи чунин як занозанӣ як ҷавони 19-сола кушта шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG