Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи занозании маргбор дар Душанбе то моҳи июн дароз шуд


Сомон Шарифов - яке аз ду қурбонии задухӯрди ҷавонон

Таҳқиқи занозании гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми пойтахт, ки дар пайи он ду нафар кушта шуданд, то моҳи июни имсол дароз шудааст. Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса беш аз 20 кас дар боздошт буда, парвандаи онҳо аз рӯи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор" баррасӣ мешавад.

Масъулони Вазорати маориф гуфтанд, баъзеи ин хонандагон пас аз итмоми синфи нӯҳ аз мактаб баромада, занозаниашон ба таҳсилу мактаб ҳеҷ рабт надорад.

"Аммо таҳқиқи ниҳоӣ маълум хоҳад кард, ки дар ин ҳодиса чанд кас иштирок карда, кадомашон дар куштор даст доранд", - афзуд ӯ. Ин манбаъ гуфт, сардори гурӯҳи тафтишотии қазияи мазкур муфаттиши калони Додситонии кулл оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин Ҷамшед Мелибоев мебошад.

"Баъзе айбдоршавандаҳо талабаи мактаб ҳастанд, ки дар лаҳзаи занозании рӯзи 2 январ ва бархеи дигар баъд аз дидани навори дурбинҳои назоратӣ боздошт шудаанд", - илова кард мусоҳиби мо.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҳамаи айбдоршавандаҳо бо ҳимояти вакилони мудофеъ таъмин ҳастанд. Адвокат Абдуқаюм Юсуфӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳуқуқи як талабаи мактаб бо номи Саидҷон Ҳакимов ҳимоят мекунад. Аммо гуфт, “Саидҷон Ҳакимов дар ибтидо баёнот дод, ки дар вақти занозанӣ аз роҳ мегузашт ва танҳо роҳгузар буд, ба ин ҷанг ҳеҷ иртибот надошт. Падару модараш низ аз ӯ ҳимоят намуданд. Вақте гурӯҳи тафтишотии Додситонӣ дар навори видеоӣ ӯро нишон доданд, иқрор шуд ва гуфт, ки дар онҷо буд.”

Аз вакили мудофеъ пурсидем, ки дар ин сурат чӣ гуна метавонад аз ҳаққи ӯ ҳимоят ва нафари таҳти ҳимояти худро сафед кунад? Ӯ гуфт, “ба ҳеҷ сурат намешавад. Ҳар касе, ки дар ин занозанӣ амалан ширкат кардааст, сафед нахоҳад шуд.”

Абдуқаюм Юсуфӣ
Абдуқаюм Юсуфӣ

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин занозанӣ соати даҳи шаби 2 январи имсол миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт рух дода, дар натиҷаи он Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (соли таваллудаш 1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (соли таваллудаш 1999) аз захмҳои амиқ ҷон бохтаанд.

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри хабарномаи расмӣ гуфтанд, ки муноқиша ҷанбаи «авбошӣ» ва «маҳалгароӣ» дошт. Онҳо гуфтанд, «гурӯҳи ҷавонписарон бо ҳадафи ба якдигар расондани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худ "корд", "оҳан" ва "битта" гирифта, дар шаҳраки 104-ум якдигарро задаанд. Онҳо муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд."

Дар аввал гуфта мешуд, ин занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст. Вале масъулони Вазорати маориф гуфтанд, баъзеи ин хонандагон пас аз итмоми синфи нӯҳ аз мактаб баромада, занозаниашон ба таҳсилу мактаб ҳеҷ рабт надорад. Ба дунбол, мақомот гуфтанд, ки ин ҷавонон дар як интернет-кафе будаанд ва занозанӣ дар онҷо сурат гирифтааст. Ҳоло ба ҳамаи интернет-кафеҳо ҳушдор дода шудааст, ки хонандагони мактабҳоро ба дохил роҳ надиҳанд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Моҳи феврали имсол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоташ бо раҳбарият ва фаъолони пойтахт ба ҳодисаи занозанӣ миёни хонандагони мактабҳо ва наврасону ҷавонон дар авоили соли ҷорӣ ишора кард ва гуфт, чунин муноқишаҳо "дар бисёр маврид бо задухӯрдҳои гурӯҳӣ, дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳатто ҳалокати одамон анҷом меёбанд." Вай дар идома аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон дар Душанбе нигаронӣ кард ва гуфт, дар панҷ соли охир 14 ҳазор ноболиғ беҳудагардӣ кардаанд.

Дар пойтахти Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион аҳолӣ ба сар мебарад ва дар ин шаҳр бар асоси омори расмӣ, наздик ба 2 ҳазор Маркази бозиҳои компютерӣ, бозиҳои букмекерӣ ва интернет-кафеҳо сабти ном шудаанд, ки муштариёни аксари онҳо ҷавонони аз синни 30 поин ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG