Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури то 17-солаҳо дар интернет-кафе манъ шуд


Акс аз бойгонӣ

Нозирони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба соҳибони Марказҳои бозии компютерӣ, букмекерӣ ва интернет-кафеҳо ҳушдор додаанд, ки мактаббачагонро ҳамчун муштарӣ ба коргоҳи худ роҳ надиҳанд. Дар сурати ҳузури хонандагони то синфи 11 дар ингуна марказҳо соҳибони муассиса ҷаримабандӣ мешаванд.

Гуфтанд, ки хонандагони то синфи 11-ро тамоман роҳ надиҳед. Агар мушоҳида кардем, аз худатон гила кунед.

Масъулони марказҳои компютерӣ мегӯянд, дар пайи ҳодисаи кушта шудани ду ҷавон дар як занозании шаби 2 январ мақомоти Вазорати умури дохилӣ тасмим гирифтанд, ки ҳузури мактаббачаҳоро дар интернет-кафеҳо ва дигар марказҳои бозиҳои компютерӣ ва букмекерӣ маҳдуд кунанд. Насриддин Назаров, соҳиби як Маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе, рӯзи 9 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран ҳушдори нозирони пулис ба дасти онҳо ҳам расид ва дар он гуфта мешавад, барои роҳ додани хонандаҳои мактаб ба ин муассисаҳо ҷарима хоҳанд шуд.

"Агар дидем..."

Дар занозании рӯзи 2 январ дар Душанбе Сомон Шарифов ва Иброҳим Хоҷаев кушта шуданд
Дар занозании рӯзи 2 январ дар Душанбе Сомон Шарифов ва Иброҳим Хоҷаев кушта шуданд

Ӯ гуфт, дар гузашта нозирони пулис танҳо волидони ноболиғонеро, ки ба ҷои дарс ба маркази онҳо меомаданд, ҷарима баста ва ба худи онҳо кор надоштанд. “Гуфтанд, ки хонандагони то синфи 11-ро тамоман роҳ надиҳед. Агар мушоҳида кардем, аз худатон гила кунед. Пештар ин хел набуд ва фақат волидони хонандагон барои бе назорат мондани фарзандонашон, ки ба маркази мо меомаданд, ҷарима мешуданд. Мо ҳам кӯшиш мекардем, ки онҳоро дар вақти дарсхонӣ роҳ надиҳем. Ҳоло гуфтем, ки ҳар чӣ қонун мегӯяд, ҳамонро иҷро мекунем”, - афзуд ӯ.

Соҳибони марказҳои дигари букмекерӣ ва интернет-кафеҳо низ ҳушдори нозирони пулис дар мавриди роҳ надодани хонандагони то синфи 11-и мактабҳоро ба ин марказҳо тасдиқ карданд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ин тасмим бо ҳадафи назорати шадидтар аз иҷро шудани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” гирифта шудааст.

Сахттар шудани назорат?

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

​Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бидуни зикри номаш гуфт, таҳлилҳои ибтидоӣ нишон дод, ҷавононе, ки шаби 2 ба 3 январ дар маҳалаи 104-и шаҳри Душанбе занозанӣ кардаанд, аксаран муштариёни доимии Марказҳои компютерӣ ва интернет-кафеҳо будаанд. Ӯ гуфт, “хонандагони мактаб ба ҷои дарсомӯзӣ дар интернет-кафеҳо, Марказҳои бозиҳои компютерӣ, бозиҳои букмекерӣ машғули корҳоеанд, ки онҳоро ба роҳи бад мебарад.”

Ин масъули вазорат афзуд, дар “Маркази бозиҳои компютерӣ наврасон танҳо ба бозиҳое машғуланд, ки қатлу кушторро ташвиқ мекунанд. Аз инҷо бераҳмӣ сарчашма мегирад. Дар марказҳои букмекерӣ низ пул бой медиҳанд ва маҷбур даст ба дуздӣ мезананд. Замони мактаббачагӣ андешаи онҳо пурра шакл нагирифтааст, агар пеши роҳашон дар ин замон гирифта нашавад, тарбияи онҳо то охир вайрон мешавад.”

"Ҳоло хуб шуд"

Аз ин иқдоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бархе аз сокинон ҳимоят карданд. Матлуба Рустамова, як сокини 35-солаи Душанбе, гуфт, бо вуҷуди тамоми талошҳо наметавонад писари мактабхонашро аз рафтан ба Маркази бозиҳои компютерӣ бигирад. Ӯ гуфт, “агар худи соҳибони Марказҳои компютерӣ онҳоро роҳ надиҳанд, кори волидон ҳам осон мешавад.”

Вале бисёре дигар аз волидон ва коршиносон мегӯянд, танҳо аз роҳи манъу маҳдуд кардан ва ё ҷаримабандии мардум масъала аз решааш ҳал намешавад. Анвар Шарифов, ҷомеашиноси тоҷик, гуфт, бисёре аз мактабиён баъд аз хатми соати дарсӣ ё дар вақти таътил амалан бекор мемонанд ва ҳамин бекорӣ боис ба сар задани фалокатҳо мешавад.

Муқоисаи Шӯравӣ ва мо

“Дар замони Шӯравӣ ин масъаларо маҳфилҳои тафреҳиву омӯзишии махсуси мисли варзишу ҳунаромӯзӣ, аз қабили “кружок”-ҳои назди хонаи пионерон ҳал мекард. Дар ин муассисаҳо аз дарси дӯзандигиву бофандагӣ барои духтарҳо сар карда то дарси дуредгарию аксбардорӣ ва дар варзишгоҳҳо дарсҳои махсуси шиноварию теннису футбол амал мекард. Ҳоло бояд маконҳои бозиҳои варзишӣ ва омӯзиши касбҳои сабукро бештар кард”, - афзуд ӯ.

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳудуди 1 миллион аҳолӣ ба сар мебарад. Дар ин шаҳр бар асоси омори расмӣ наздик ба 2 ҳазор Маркази бозиҳои компютерӣ, бозиҳои букмекерӣ ва Интернет-кафеҳо сабти ном шудаанд, ки муштариёни аксари онҳо ҷавонони аз синни 30 поин ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG