Пайвандҳои дастрасӣ

Руйхати “лидер”-ҳо ва мактабҳои осебпазир дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мактабҳои "осебпазир" ва номи "лидер"-ҳои таъсиргузор дар миёни хонандагонро номнавис кардааст, то аз занозании гурӯҳӣ миёни онҳо ҷилавгирӣ кунад. Он мактабҳое "осебпазир" унвон мешаванд, ки зуд-зуд миёни мактаббачагонаш занозанӣ рух медиҳад ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон созмондиҳандагони онро "лидерон"-е медонад, ки миёни хонандагон нуфуз доранд.

"Зӯри мактаб"

Дар занозании шоми 3 январи имсол дар маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе ду нафар кушта шуд.

Дар аксар мактабҳои Тоҷикистон "лидер" ё худ "зӯри мактаб" нафарест, ки ҷисман аз мактаббачагони дигар пурқувваттар буда, аз назари нуфуз ва таъсиррасонӣ ба ҳамсолонаш боэътибортар аст. Ҳарфи ӯ вазн дорад ва аз рӯи гуфтааш амал мекунанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқ нишон дод, ки дар занозании мактаббачагон нақши асосиро “лидерон” ё худ “зӯрҳои мактаб” мебозанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми пайдо шудани нофаҳмиҳо миёни ноболиғон маҳз "лидерон" аз ҳисоби мактаббачагон гурӯҳ таъсис дода, барои занозанӣ бо гурӯҳи дигар ҳамсолонашонро таҳрик медиҳанд.

ВКД: "Ҳадаф пешгирӣ аз занозаниҳо аст"

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хотири бадном накардани мактабе аз ягон муассиса ва нафари мушаххас ном нагирифт, вале гуфт, аллакай аз аввали моҳи май корро оғоз карданд.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

"Мо фарҳангиён, кормандони театри Лоҳутӣ ва дигаронро ҷалб кардем, то дар боло бурдани ахлоқи ҷавонон саҳм гузорем. Дар як мактаби шаҳри Душанбе, ки ба мактабҳои осебпазир дохил мешавад, суҳбату вохӯрӣ анҷом додем. Бо падару модаронашон сӯҳбат кардем. Намоишномаи тарбиявӣ низ намоиш додем. Ҳадаф боло бурдани ахлоқи мактаббачагон ва пешгирӣ аз занозанӣ миёни онҳо ҳаст", - афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, умедвор ҳастанд, ки кор бо мактаббачагони бонуфуз ва мактабҳои осебпазир дар беҳбуд бахшидани ахлоқу коҳиши ҳодисаҳои занозанӣ миёни ноболиғон мусоидат хоҳад кард.

Ҷанги хонандаҳо дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд

Рӯйхати мактабҳои осебпазир ва мактаббачагони бонуфуз дар ҳолест, ки дар панҷ моҳи ахир дар шаҳри Душанбе, Қурғонтеппа ва Хуҷанд миёни хонандаҳои мактаб занозании хунин сурат гирифтааст. Дар чунин занозанӣ шоми 3 январи имсол дар маҳаллаи 104-уми пойтахт ду нафар кушта шуд.

Яке аз мактабҳои пойтахт
Яке аз мактабҳои пойтахт

Қисмати аслии кор бо мактабҳои осебпазир намоиш додани намоишҳои тарбиявӣ аст. Чун дар гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, тамошои филмҳои ҷангӣ ва бозиҳои хусусияти зӯроварӣ дошта, яке аз сабабҳои аслии занозанӣ миёни ҷавонон аст. Далери Эмомалӣ, ҳунарманди ҷавони тоҷик, рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмиме, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар сурати амалӣ шудан, "воқеан, афкори ҷавононро то андозае тағйир медиҳад".

"Як намоишномаи хуб инсонро тағйир медиҳад"

Ӯ гуфт, "ин идеяи хуб аст. Мисли инки хондани китоби "Ҷиноят ва ҷазо" зиндагии маро тағйир дод. Як филм ва ё як намоишномаи хуб назари инсонро нисбат ба зиндагӣ метавонад тағйир диҳад. Вазорати корҳои дохилӣ замони охир тасмимҳои оқилона мегирад."

Сомон Шарифов, яке аз қурбониёни занозании моҳи январ дар Душанбе
Сомон Шарифов, яке аз қурбониёни занозании моҳи январ дар Душанбе

Бархе дигар аз ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ҳангоми кор бо ин гурӯҳи ҷавонон бояд аз методҳои хуб андешидашудаи муосир кор гирифт, то дар дили кӯдакон на фақат тарс аз каҷрафториву муҷозоти сангин ҷой шавад, балки фикру андешаашон ба самти рушд, пешрафт ва созандагӣ тағйир ёбад. Як ҷомеашинос гуфт, ҳама гуна бадрафторӣ пеш аз ҳама аз ташнагӣ ба маънавиёт, энергияи аз ҳад беши наврасон ва набуди макон ё машғулият сар мезанад.

Аз "лидерҳо" "буз" метарошанд?”

Бархе аз мактаббачагон мегӯянд, нозирони милиса дар бархе маҳалҳо корро на он тавре ба роҳ мондаанд, ки Вазорати корҳои дохилӣ эълон кардааст. Комрон, хонандаи як мактаби миёна дар Душанбе гуфт, бештари ин “лидер”-ҳо варзишгаранд, вале нозирони милиса аз онҳо талабҳои ғайривоқеӣ мекунанд.

"Дар ҳақиқат, бо бачаҳои мо сӯҳбат карданд. Онҳо чунин бачаҳоро номнавис кардаанд ва мегӯянд, ки агар дар мактаби шумо ҷанг шуд, аҳволи туро бад мекунем. Ҳар занозание, ки шуд, аввал пеши ҳамин хел бачаҳо меоянд, ки иштирокдорони занозаниро бигӯянд. Агар “лидерҳо” ин хел кунанд, онҳоро баръакс “буз” (хабаркаш) гуфта, бачаҳо дигар боварашон намекунанд”, - афзуд ӯ.

Сабти 5 ҳазор ҷинояти навҷавонон дар як сол

Кор бо мактаббачагони бонуфуз ва мактабҳои осебпазир яке аз иқдомҳои навбатии Вазорати корҳои дохилӣ барои коҳиш додани ҳодисаҳои хушунату занозаниҳои гурӯҳии миёни хонандагон аст. Қаблан, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рафтани мактаббачагон ба марказҳои букмекерӣ ва бозиҳои компютериро манъ кард. Моҳи феврал ин вазорат дари 72 марказро барои роҳ додани ноболиғон баст.

Вазорати корҳои дохилӣ ин марказҳоро яке аз омилҳои вайрон шудани ахлоқи ноболиғон донист. Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор ҷиноят миёни ҷавонон ва ноболиғон сабт шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали имсол дар ҷараёни мулоқот бо фаъолони Душанбе аз мақомоти дахлдор тақозо кард, то ба муноқишаҳои хунин миёни ҷавонон ва ноболиғон поён диҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG