Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти чаҳор нафар баъди таҳқиқи навори "Озодӣ". ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар асоси як навори занозании ҷавонон, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ нашр шуд, 4 нафарро боздошт кардааст. Ин навори беш аз якдақиқаӣ аз ҷониби як корбари Радиои Озодӣ рӯзи 19 апрел тариқи “Вайбер” ирсол шуда буд. Дар он навор дида мешуд, ки чаҳор ҷавон зоҳиран дар назди меҳмонхонаи “Вахш”-и шаҳри Душанбе бо ҳам занозанӣ доранд ва гурӯҳи бузурге аз ҷавонони дигар ҳамчун тамошобину халосгар онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.

Навор инҷост:

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 24 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз тамошои навор вазир барои таҳқиқи он супориш дод. Ӯ гуфт, шахсияти ин чаҳор ҷавон шиносоӣ шуда, худи онҳо боздошт гардиданд. Алайҳи онҳо бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "авбошӣ" парванда боз шудааст.

"Ин занозанӣ зиёд давом накардааст, вале ин ҷавонон ҳаракати роҳу нақлиётро вайрон карда, ба якдигар зиён расондаанд. Мо қаблан ҳам гуфта будем, ки барои пешгирӣ аз чунин ҷинояткорӣ бояд ҳама аҳли ҷомеа кумак кунад. Он навор, воқеан, барои мо ёрӣ кард, ки аз ҷинояти бузургтар пешгирӣ кунем. Чун агар онҳо боздошт намешуданд, аз рӯи нақлҳо ин занозаниашон боз дар шакли вазнинтар ва бо ҳузури ҷавонони бештар давом мекардааст", - гуфт ӯ.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Нашри ин навори занозанӣ дар саҳифаи “Фейсбук”, “Одноклассники” ва “Ютюб”-и Радиои Озодӣ вокунишҳои зиёди хонандагонро ба бор овард. Бисёриҳо навиштанд, ки дар пайи поин рафтани сатҳи ахлоқи ҷавонон чунин занозаниҳо афзоиш ёфтааст.

Аз аввали соли 2017 чандин ҳолати занозании ҷавонон, ки ҳатто куштор дар пай дошт, сабт шудааст. Шоми 3 январи соли равон дар пайи занозании ҷавонони ду маҳалла дар Душанбе ду нафар кушта шуд. Дар пайи он занозанӣ беш аз 500 нафар бозпурсӣ ва наздик ба 20 нафар боздошт шуд.

Сомон Шарифов яке аз курбониёни занозании моҳи январи имсол дар Душанбе
Сомон Шарифов яке аз курбониёни занозании моҳи январи имсол дар Душанбе

Ба гуфтаи мақомот, ин занозанӣ аз назди як маркази бозиҳои компютерӣ оғоз шуда буд. Бинобар ин, мақомот ҳудуди сад марказҳои компютерӣ ва букмекериро дар Душанбе бастанд. Мақомот ин марказҳоро як омили вайрон шудани ахлоқи ҷавонон дониста, рафтани ҷавонони то 18 сола ба чунин марказҳоро манъ кард.

Давоми чор моҳи ахир дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа низ чунин занозании гурӯҳӣ миёни ҷавонон сабт шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 феврал зимни ҷаласа бо фаъолони шаҳри Душанбе аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ҷиддан нигаронӣ кард ва аз мақомот хост, то аз афзоиши чунин ҷиноятҳо ҷилавгирӣ кунанд. Соли 2016 дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон сабт шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG