Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулбаҳор мегӯяд, на ҳама қотилони писараш ҷазо гирифтанд


Бузургмеҳр Абдураҳимов
Бузургмеҳр Абдураҳимов

Гулбаҳор Шералиева, модари Бузургмеҳр Абдураҳимов, ки моҳи августи имсол дар пайи муноқиша бо гурӯҳе аз ҷавонон кушта шуд, бо норозигӣ аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Бузургмеҳр Абдураҳимов дар бозори "Саховат"-и Душанбе ба тарбузфурӯшӣ машғул буд ва баъди чаҳор зарбаи корд дар баданаш дар шифохонаи Қарияи Боло даргузашт.

Гулбаҳор гуфт, Бузургмеҳр соли равон мактаби миёнаро дар Кӯлоб хатм карда, ба Донишгоҳи техникӣ ҳуҷҷат супурд, вале ҳамзамон дар Душанбе ҳамроҳ бо чанд дӯсташ тарбузфурӯшӣ мекард.

Додгоҳ дар ин қазия Талабшоҳ Идиевро гунаҳкор дониста ва барои 13 сол равонаи зиндон кардааст. Аммо Гулбаҳор Шералиева, модари Бузургмеҳр, аз ин ҳукм розӣ нест ва мегӯяд, дар қатли писари ӯ афроди дигар ҳам даст доранд ва бояд боздошту муҷозот шаванд. Ӯ рӯзи 22 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо фирор кардаанд. Ба муфаттиш ҳам гуфта будам, ки чаро нафарони дигарро боздошт накардед? Гуфтанд, дигаронро ёфта биёред, ҷазо медиҳем. Ман гуфтам, ёфтани онҳо вазифаи Шумост, на ман. Гуфтанд тафтиш мебарем, вале то ба ҳол ҳеҷ хабар нест."

Гулбаҳор Шералиева
Гулбаҳор Шералиева

​Ин модар мегӯяд, писараш Бузургмеҳр соли равон мактаби миёнаро дар Кӯлоб хатм карда, ба Донишгоҳи техникӣ ҳуҷҷат супурд, аммо ҳамзамон дар Душанбе ҳамроҳ бо чанд дӯсташ тарбузфурӯшӣ мекард ва ба далели роҳ наёфтан ба донишгоҳ, ният дошт назди падар ба Русия равад.

Дар ҳукми марги Бузургмеҳр Абдураҳимов гуфта шудааст, ки қатли ӯ бар пояи як баҳси лафзӣ бо тарбузфурӯшони дигар сар задааст. Дар пайи ин баҳс, савдогарони ҳамсояи Бузургмеҳр ба ҷанг нафарони дигарро даъват мекунанд ва занозании онҳо дар назди бозори "Саховат" ним соат тӯл кашидааст. Дар ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфта шудааст, ки дар ҷараёни муноқиша нахуст Бузургмеҳр бо корд ба Талабшоҳ Идиев ҳамла карда, ӯро захмӣ намудааст.

Модари Бузургмеҳр аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.
Модари Бузургмеҳр аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Аммо, ба иддаои Гулбаҳор Шералиева, қазияи марги писараш мармуз ва то ҳол ҳамаи паҳлӯҳояш рӯшан нест. "Бо тамоми дӯстонаш сӯҳбат кардам ва таҳқиқ бурдам. Бузургмеҳр чанд рӯз пеш аз ҳодиса ба хабаргирии ман ба Кӯлоб омад, вале бисёр парешонхотир буд. Дертар фаҳмидам, ки дӯстонаш ба ӯ телефони пинҳоние додаву маҷбураш кардаанд, ки зудтар ба Душанбе баргардад. То ҳол дақиқ нест, чаро ӯро маҷбур карданд?", - мегӯяд Шералиева.

Ба қавли ӯ, афроди дигаре, ки дар ин муноқиша ва латту кӯби писари ӯ даст доштаанд, ҳоло фирор кардаанд ва дар мурофиаи додгоҳӣ ҳам ҳузур надоштанд.

Аммо як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, ки тафтиши ҳодиса аз ин ниҳод шурӯъ шуда буд, гуфт, дар робита ба ин қазия нисбат ба афроди дигар ҳам, ки дар ин моҷаро иштирок доштанд, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва ҳоло тафтишот идома дорад. "Нисбат ба нафарони дигаре, ки дар ин муноқиша ширкат доштанд, парвандаи алоҳида аст ва ҳоло тафтиш идома дорад", - гуфт ӯ.

Гулбаҳор Шералиева модари Бузургмеҳр мегӯяд, бо норозигӣ аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба ниҳодҳои дигар ҳам шикоят бурдааст ва ҳоло агарчӣ медонад, ки дигар ягона писарашро касе барояш барнамегардонад, аммо барои даст ёфтан ба адолат мехоҳад талош кунад.

XS
SM
MD
LG