Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Исфара: "Дар занозанӣ дар марз се нафар маҷрӯҳ шуданд"


Мақомоти шаҳри Исфара гуфтанд, ки дар пайи занозании гурӯҳе аз ҷавонони қирғизу тоҷик дар рустои Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон се шаҳрванди кишвар ҷароҳат бардошта, барои ташхис ба бемористон фиристода шудаанд. Онҳо гуфтанд, осори зарбу лат дар рӯй ва тахтапушт се нафар дида мешавад. Таборак Файзуллоева, муовини раиси шаҳри Исфара, рӯзи 23 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шоми 22 январ ҳангоми бозгашти се сокини рустои Сомониён аз бозии футбол дар деҳаи ҳамсояи Кӯктоши ноҳияи Бодканд рух додааст. Бино ба хабарҳо, рӯзи якшанбе дар Бодканд бозии дӯстона миёни сокинони ду тарафи марз баргузор шудааст.

Дар як ҳодисаи моҳи августи соли 2015 аз ду тараф 13 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Муовини раиси шаҳри Исфара гуфт, "тақрибан бист сокини рустои Кӯктош ба ҷавонони мо ҳамла кардаанд. Ҳоло вазъият ором аст ва намояндагони ҳукумат дар ҷойи ҳодиса муноқишаи дирӯзро таҳқиқ мекунанд." Файзуллоева, ки аз ҷойи ҳодиса дар марзи миёни деҳаи Сомониёни Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон сӯҳбат мекард, гуфт, дар назар аст то нимирӯзи душанбе мулоқоти раҳбарони Исфараву Бодканд низ баргузор шавад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ рӯзи 23 январ бо пахши изҳороти расмӣ вазъ дар марз бо Тоҷикистонро хуб арзёбӣ карда, вале гуфтааст, ки ду тараф барои ҷилавгирӣ аз ҳамагуна нофаҳмӣ ва занозаниҳо назоратро шиддат бахшидаанд. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар пайи занозании гурӯҳе аз ҷавонҳои тоҷику қирғиз дар рустои Кӯктоши ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд як манзил ва чаҳор мошини мутааллиқ ба сокинони ду тарафи марз зарар дидаанд. Аммо дар ин изҳорот дар бораи ҷароҳати сокинони Тоҷикистон ҳарфе гуфта нашудааст.

Шаби 22 январ мақомоти ноҳияи Бодканд гуфта буданд, ки даҳҳо нерӯи пулиси Қирғизистон барои назорати вазъ дар рустои Кӯктош, ҳаммарз бо ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон мустақар шуданд. Роза Усарова, раиси деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки занозанӣ миёни ҷавонон соати 17-и рӯзи якшанбе шурӯъ шуда, баъдан ба сангпартоӣ печид. Вай иддао кардааст, ки гӯё як шаҳрванди Тоҷикистон ӯро ҳам зада ва ин ҷанги миёни ҷавононро шиддат бахшидааст.

Солҳои охир мақомоти тоҷику қирғиз талош доранд, ки сокинони минтақаҳои наздимарзиро ба якдигар наздик намоянд
Солҳои охир мақомоти тоҷику қирғиз талош доранд, ки сокинони минтақаҳои наздимарзиро ба якдигар наздик намоянд

Усарова дар ҳоле ин иддаоро кардааст, ки қаблан дар як изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вай ҳамчун "таҳрикдиҳандаи муноқиша" дар Кӯктош, деҳаи ҳаммарз бо Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ном бурда шуда буд. Дар ҳамин ҳол, Кенеш Солиҳов, ҳокими ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти маҳаллии ду тараф вазъро баррасӣ кардаанд ва тафтишот сабабҳои рух додани ҳодисаро мушаххас хоҳад кард.

Деҳаи Кӯктош ҳамсояи девор ба девори рустои Сомониёни шаҳри Исфара аст ва дар гузашта роҳи қабристони сокинони ин маҳал аз ҳудуди Тоҷикистон мегузашт. Дар гузашта миёни сокинони ду деҳа задухӯрд сурат гирифта, дар як ҳодисаи моҳи августи соли 2015 аз ду тараф 13 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Баҳс бар сари бунёди қубури обгузаре ба самти майдонҳои кишти рустоҳои тоҷикӣ сар зада, нахуст бо сангандозӣ шурӯъ шуд ва баъдан ба тирандозӣ кашид.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъин ва аломатгузорӣ кардаанд. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хатти марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёбад. Ҷониби Тоҷикистон исрор мекунад, ки таъини хатти марз бо Қирғизистон бояд аз рӯйи харитаи соли 1924 сурат гирад. Дар ҳоле ки пойфишории ҷониби Қирғизистон ба харитаи соли 1989 аст.

Ин ихтилофи назарҳо боис гардид, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди аломатгузории марз дигар ягон километр пеш нарафтаанд. Мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он борҳо боис ба моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шудааст. Аз ҷумла, дар як даргирии моҳи январи соли 2014 дар марзи Исфараву Бодканд ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд. Ин моҷаро боиси сахттарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек шуд ва ҷониби Қирғизистон сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин ҳамсояи худро барои 3 моҳ баст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG