Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КҲФ дар бораи ҳодисаи Дарвоз: "Муҳаррики заврақ аз кор монд". АКС, САДО, ВИДЕО


Рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз. Рӯзи 16-уми июли соли 2017
Рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз. Рӯзи 16-уми июли соли 2017

Бар асари чаппа шудани як заврақ ё қаиқи наҷотбахшон дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз, се нафар ғарқ шуда, ҷустуҷӯи онҳо идома дорад. Мақомот гуфтанд, ки инҳо Анвар Ёдалиев – корманди идораи умури дохилии ноҳияи Рӯшон, Наим Саъдуллоев – корманди Вазорати дифоъ ва Фирӯза Акобирова – сокини ноҳияи Дарвоз​ ҳастанд. Инчунин, дар ин ҳодиса Дороб Лангаров, Мутрибшо Толибшоев, Раҳимҷон Ҷавҳариев ва Худодод Ваҳҳобов ҷароҳат бардошта, ҳоло дар бемористон табобат мегиранд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодисаи чаппа шудани заврақ дар дарёи Панҷ дар ноҳияи Дарвоз, "ба сабаби аз кор мондани муҳаррики заврақ ва баланд набудани касбияти ронанда рух додааст. Заврақ ба созмони “Фокус” муталлиқ буд." Ба қавли Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ҳоли ҳозир бо ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, марзбонон ва сокинони он тарафи дарёи Афғонистон, амалиёти ҷустуҷӯиро созмон додаанд.

Дар Дарвоз чӣ гап?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Аз ин қабл, Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳангоми чаппа шудани заврақ дар дохилаш ҳафт нафар буда, чаҳор тани онҳоро тавонистаанд наҷот бидиҳанд. Ӯ гуфт, ҷустуҷӯи се нафари боқимонда дар ҳавзе, ки ҳафтаи гузашта дар пайи баста шудани маҷрои дарёи Панҷ дар Ширговад ба вуҷуд омада буд, идома дорад.

Асламшоева: Ҷасади се нафар аз ғарқшудагонро ҳанӯз наёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00
Линки мустақим

Асламшоева гуфт, се нафаре, ки ғарқ шудаанд, як корманди ҳолатҳои фавқулода, як корманди идораи корҳои дохилӣ ва ва як сокини деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз будаанд.

Нилуфар Асламшоева гуфт, “дар заврақ 7 нафар, аз ҷумлаи корманди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Бадахшон, созмони байналмилали “Фокус” ва сокинони ноҳияи Дарвоз будаанд. Баъди чаппа шудан 4 нафар наҷот дода шуданд, мутаассифона, ҷасади 3 нафари дигар то ҳол пайдо нашудааст. Корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани ҷасадҳо идома дорад.”

Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як заврақи наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо 6 нафар дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз чаппа шудааст.

Деҳаи Ширговад дар тақрибан 23-километрии Қалъаихумб – маркази ноҳияи Дарвоз – қарор дорад.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса баъди зуҳри 16-уми июл иттифоқ афтод ва дар ин заврақ чаҳор наҷотбахш ва як зану духтари хурдсол, дар маҷмӯъ 6 нафар, савор буданд. Ин заврақ бо ёрии наҷотбахшон сокинони рустои Ширговадро аз як тараф ба тарафи дигари кӯл интиқол медод. Дар ҳамин ҳол, сокинони рустои Шикеви ноҳияи Дарвоз, наздик ба маҳалли ҳодиса, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки заврақро холӣ дидаанд.

Видео: Чӣ гуна маҷрои дарёи Панҷ баста шуд?

Сел маҷрои Панҷро дар Дарвоз баст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

​Зимнан бар асари боришоти зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июл маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустоҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон баста шуда, дар ҳарду деҳа беш аз бист манзили сокинон комилан зери об монд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар як изҳорот гуфтанд, ки дар ин ҳодиса танҳо дар рустои Хостав 19 манзил хароб шуда, тақрибан як килотмер роҳи Душанбе – Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз зери об мондааст.

Аммо баста шудани маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустои Ширговад як ҳавзи бузургеро ба миён овард ва бо вуҷуди мунфаҷир кардани 100 кило тротил ҳам рахна нашуд. Ин миқдор маводи таркандаро мутахассисони пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дастрас карданд.

​Қаблан мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Дарвоз ба сокинони поёнтар аз Ширговад ҳушдор дода буданд, ки ба ҷойҳои бехавф кӯчанд. Деҳаи Ширговад дар тақрибан 23-километрии Қалъаихум – маркази ноҳияи Дарвоз – қарор дорад.

XS
SM
MD
LG