Пайвандҳои дастрасӣ

Сад кило тротили Русия натавонист, садди дарёи Панҷро рахна кунад


Ин ҳавзи бузург бар асари баста шудани маҷрои Панҷ, дар деҳаи Ширговади Дарвози Тоҷикистон, ба миён омадааст.

Садди сунъие, ки дар натиҷаи омадани сел аз ҷониби Афғонистон пеши роҳи рӯди Панҷро баста, дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кӯли сунъиро ба вуҷуд оварда буд, бо вуҷуди мунфаҷир кардани 100 кило тротил рахна нашудааст. Маводи таркандаро мутахассисони пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дастрас карда, ба хотири рахна намудани садди сунъӣ дар маҷрои дарёи Панҷ ба кор дароварданд.

Сокинони деҳаи Хостави ҷамоатиНулванди ноҳияи Дарвоз мегӯянд, садди сунъие, ки дар назди ин мавзеъ ба вуҷуд омада буд, бо кӯшиши кормандони идораи нигоҳдории роҳҳо то ҳадде рахна шуд.

Наим Мираков, раиси идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Бадахшон, рӯзи 13-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта ҳарбиёни пойгоҳи 201-ум барои рахна кардани садди оби дарёи Панҷ дар назди мавзеи Ширговади Дарвоз маводи мунфаҷираро тарконданд, “аммо фоида накард. Пеши об ҳоло ҳам баста аст ва сатҳи об паст нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, як масъули Идораи роҳсозии ноҳияи Дарвоз ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои 11 ва 12-уми июл чархболҳо бар болои садди ба вуҷудомада дар деҳаи Ширговад бомба андохтанд, аммо асаргузор набудааст. Ӯ гуфт, ки имкони дар рӯзҳои наздик боз шудани ин роҳ вуҷуд надорад.

Ин мусоҳиби мо афзуд, ки тасмим шудааст, дар рӯзҳои наздик як ширкати чинӣ ба буридани кӯҳпора барои боз намудани роҳ оғоз кунад.

Ярослав Рошупкин, сухангӯи Округи ҳарбии марказии Русия, рӯзи панҷшанбе ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, баъд аз муроҷиати ҷониби Тоҷикистон онҳо тасмим гирифтанд, барои рафъи оқибатҳои сел кумак кунанд. Ӯ гуфтааст, ҳарбиёни пойгоҳи 201-ум 100 кило тротилро барои рафъи садди дарё тарконданд ва дар натиҷа сатҳи садди сунъӣ поинтар шуда, сатҳи оби дарё поин рафт.

Наим Мираков гуфт, шоҳроҳи Душанбе – Шоҳон – Зиғар бинобар баланд будани сатҳи оби рӯдхонаи Панҷ боло боқӣ мемонад ва роҳ ҳанӯз баста аст. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, айни замон Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар ин мавзеъ қарор дорад ва вазъиятро дар ҷойи ҳодиса меомӯзад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Хостави ҷамоатиНулванди ноҳияи Дарвоз мегӯянд, садди сунъие, ки дар назди ин мавзеъ ба вуҷуд омада буд, бо кӯшиши кормандони идораи нигоҳдории роҳҳо то ҳадде рахна шуд. Ба гуфтаи сокинон бо кӯшиши мақомот дар канори роҳ ва соҳили дарё як садд ва ё дамбаи муваққат бунёд шуда, роҳи автомобилгард барои равуои мошинҳо кушода шуд.

Зимнан бар асари боришоти зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8-9-уми июл маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустоҳи Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон баста шуда, дар ҳарду деҳа беш аз бист манзили сокинон комилан зери об монд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG