Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Дарвоз маҷрои Панҷро баст. Бист хона зери об монд. АКС


Бар асари бориши зиёди борон ва омадани сел аз ҷониби ​Афғонистон, маҷрои дарёи Панҷ дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон баста шуда​, дар деҳаи Хостави ҷамоати Нулванд, дар 55-километрии маркази ин ноҳия, бист манзили сокинон, комилан зери об мондааст.

Мақомот гуфтанд, ки тақрибан 1 километр роҳ зери об монд

Бархе аз сокинон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки айни чунин сел соли 1990 аз тарафи Афғонистон омада, дар деҳаи Хостав харобкорӣ карда буд.

Як мақоми ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сел баъди зӯҳри 8-уми июл омада, сокинон натавонистаанд аз манзили худ асноду таҷҳизоти заруриро бигиранд. Ӯ гуфт, дар ин ҳодиса, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст, вале сел ҳудуди 20 хонаи сокинони ин деҳаро ба таври комил тахриб кардааст.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки дар пайи омадани сел 19 манзил зери об мондааст. Умеда Юсуфова, сухангӯи кумита, рӯзи 9-уми июл гуфт, тақрибан 800 метр роҳи Душанбе – Хоруғ низ зер об қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир ҳаракат аз Бадахшон ба Душанбе тавассути гарданаи Хобурубот сурат мегирад.

Сел дар Дарвози Афғонистон чанд нафарро қурбон кардааст

Бархе аз сокинони Хостав гуфтанд, ки наздикиҳои шоми 8-уми июл дарёи Панҷ то андозае ба маҷрои худ баргашт ва дар ҳоли ҳозир сатҳи об каме поин рафта ва таҳдиди он ба хонаҳои сокинон камтар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Нуҳуллоҳи Ноҷӣ, як сокини вулусволии Шикайи Дарвози Афғонистон, дар сӯҳбат ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса 4 нафар аз бошандагони деҳаи Рованак, ки дар масири сел қарор доштанд, ба ҳалокат расида ва ҳафт тани дигар захмӣ шудаанд. Ин бошандаи Дарвози Афғонистон гуфт, ки чанд нафари дигар нопадид ҳастанд ва эҳтимол дорад шумораи қурбониён афзоиш ёбад.

Фавзия Кӯфӣ, намояндаи вилояти Бадахшони Афғонистон дар порлумони он кишвар дар саҳифи Фейсбуки худ шумораи қурбониёни ин ҳодиса дар деҳаи Рованаки Шикайи Афғонистонро, се нафар гуфтааст.

Такрори сел баъди тақрибан бист сол

​Бархе аз сокинони деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки айни чунин сел соли 1990 аз тарафи Афғонистон омада, дар ин минтақа харобкорӣ карда буд. Хостав яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳия Дарвоз буда, дар он ҳудуди 80 хонавода зиндагӣ мекунанд.

Ҳудуди як сол қабл низ бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Дарвоз маҷрои рӯди Панҷ -- яке аз бузургтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ барои чанд дақиқа баста шуд. Он замон сел аз кӯҳпораҳои вулусволии Шикайи Дарвози Афғонистон дар байни деҳаҳои Ширговад ва Ёгеди ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, маҷрои дарёи Панҷро барои чанд дақиқа баст. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб барои чанд муддат баста монд, аммо ба манзили сокинони ҷониби Тоҷикистон осеб нарасида буд.

Хисороти ҷонӣ ва молии офати табиӣ нафар шуд

Моҳи апрели имсол сел дар деҳаи Камчаки ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз низ як модару кӯдак – Мадина Иброҳимзодаи 19-сола ва писари дусолаи ӯ Давлатҷон Исмоилзодаро қурбон кард.​ Дар пайи офатҳои табиии соли 2017, бахусус тармафароӣ дар Тоҷикистон, ки бештар ба мавсими зимистон рост омад, беш аз 30 нафар ҷон бохтанд.

​Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар панҷ соли ахир дар кишвар беш аз 600 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст, ки бар асари он 127 нафар ҷон бохта ва ба иқтисоди мамлакат 600 миллион доллар хисорот ворид гаштааст. Мақомот Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки наметавонад ба танҳоӣ оқибати ҳодисаҳои табииро рафъ ва манотиқи осебдидаро бозсозӣ кунанд ва барои ҳамин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хоста буданд.

XS
SM
MD
LG