Пайвандҳои дастрасӣ

Сел дар Ширговади Дарвоз дубора маҷрои Панҷро баст


Дар моҳи июли соли 2015 дар ҳамин мавзеъ (Овринги Ширговад) аз самти Афғонистон сел омада маҷрои Панҷро баст ва шоҳроҳи байналмилалалии Душанбе-Хоруғ баста шуда буд. Акс аз бойгонӣ.

Бино ба хабарҳои расида, шоми якшанбеи 9-уми июл бар асари фаромадани сел аз деҳаи Дуихои самти Афғонистон дар рӯбарӯи деҳаи Ширговади ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, дубора маҷрои дарёи Панҷ баста шудааст. Деҳаи Ширговад дар тақрибан 23-километрии Қалъаихум – маркази ноҳияи Дарвоз – қарор дорад.

Сел дар Дарвоз маҷрои Панҷро баст. Бист хона зери об монд

Ба нақл аз мақомоти маҳаллӣ, ҳамакнун сатҳи об лаҳза ба лаҳза боло шуда ва чанд хона зери об мондаанд. Шоҳроҳи байналмилалии Дуашанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб, ки рӯзи гузашта бар асари баста шудани маҷрои Панҷ дар деҳаи Хостав баста шуда буд, дар ин деҳа низ масдуд гардидааст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ ва сокинон, дар ин маҳал ҳамакнун як ҳавзи бузург ба миён омадааст, ки ба деҳаҳои поёноб, таҳдид мекунад.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Дарвоз дар ҳоли ҳозир ҳама сокинони поёнтар аз Ширговадро ҳушдор додаанд, ки ба ҷойҳои бехавф кӯчанд. Аз аҳолии деҳаҳои Ёгед, Шикев, Сангевн, Пунишор, Нулванд, Жак, Марғ ва ҳамчунин деҳаи селзадаи Хостав ва Зиғар хоста шудааст, ки шабро дар ҷойҳои бехавф ва баландтар рӯз кунанд.

Рӯзи гузашта бар асари омадани сел дар рустои Хостави ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз бист манзили сокинон зери об монда, ҳаракат дар масири Душанбе-Хоруғ масдуд шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки ин сел аз тарафи Афғонистон омадааст.

Ҳоло як кумисюни вижа хисороти ворида аз ин селро ҳисобу китоб дорад. Рӯзи якшанбе мақомоти вилояти Бадахшон дар раъси Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят ба деҳаи Хостав рафтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG