Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои муҳоҷирон: Маркази Маскав ғарқи об


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Борони кӯтоҳ ва сел дар шаҳри Маскав, яке аз кӯчаҳои марказии ин шаҳрро зери об ва ҳаракати нақлиётро мушкил кард.

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми июн видеоро фиристод, ки кӯчаи Красногвардейскаяро нишон медиҳад, ки ғарқи об аст. Баъзе мошинҳо то нисф зери обанд ва аз ҳаракат мондаанд.

Муҳоҷири тоҷик, ки видеоро сабт кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки борон фақат 10 дақиқа борид, вале ҳамаҷоро зери об кард. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия рӯзи 26-уми июн ҳушдор дод, ки мумкин аст, дар шаҳр боронҳои сахт борад ва “баъзе аз минтақаҳо зери об монанд.”

Видеои муҳоҷирони тоҷик: Маркази пойтахти Русия зери об
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Шумо ҳам агар хабар ва ё аксу видеое доред аз тариқи ИМО, Вотсапп ва ё Вайбер ба мо бифристед. Ба ин шумора +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG