Пайвандҳои дастрасӣ

Селу тарма пеши Сурхоб ва роҳи Тоҷикистону Қирғизистонро баст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Обшавии пирях ва омадани селу тарма пеши дарёи Сурхобро дар ҳудуди ноҳияи Ҷиргатоли собиқ барои чанд соат баста ва як қисми роҳи байналмилалии миёни Тоҷикистону Қирғизистонро вайрон кардааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса субҳи 28-уми май рух дода, ҳарчанд пеши дарёи Сурхоб то андозае боз шудааст, аммо тақрибан ним километри шоҳроҳ зери об қарор дорад.

Тоҷикистон дар зимистон ва аввали баҳори имсола шоҳиди барфрезӣ ва боронгариҳои шадид буд, ки талафоти ҷонӣ ҳам дар пай дошт. Дар зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд.

Мақомоти расмӣ омадани селу вайрон шудани роҳро дар ҳудуди ноҳияи Лахш тасдиқ карда ва гуфтанд, ки кормандон барои рафъи оқибати ин офати табиӣ даст ба коранд. Вале бархе аз сокинон аз банд мондани мошинҳо дар ҳудуди ноҳияи Лахш шикоят доранд. ​Яке аз сокинон дар тамоси телефонӣ гуфт, ки тақрибан даҳҳо мошин аз субҳ боз мунтазири боз шудани роҳ истодаанд. "Аммо ягон техника фаъол нест. Ҳадди ақалл намегӯянд, ки роҳ кай боз мешавад. Ин шоҳроҳи байналмилалист", - афзуд ӯ.

Манбаи Радиои Озодӣ дар ноҳияи Лахш низ гуфт, ки “ҳодиса дар километри 250-уми роҳи байналмилалии миёни Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст”. Вай афзуд, “ин селу тарма аз деҳаи Сугат омадааст. Порсол ҳам айни чунин ҳолат буд, вале имсол вазъ вазнинтар аст. Азбаски сел дар минтақаи ҳамвор буд, ҷойи рафтани худро пайдо кард. Ҳозир оби дарё ба маҷрои пешинааш медарояд. Хатар ба гирду атроф ҳамчунон боқист.”

Ин наворро яке аз корбарони Радиои Озодӣ фиристод:

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабари омадани сел дар ноҳияи Лахшро тасдиқ карданд. Навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 28-уми май гуфт, ки “ба далели гармии ҳаво ях об шуда, сел омадааст. Бачаҳо дар маҳалли ҳодиса кор мекунанд ва ҷои нигаронӣ надорад.”

Ноҳияи Лахш дар шарқи Тоҷикистон ва дар марзи Қирғизистон ҷойгир аст. Ин ноҳия беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дошта, тайи беш аз як моҳи охир шоҳиди чандин офати табиӣ, аз ҷумлаи заминҷунбии батакрор буд.

Навбатдори кумита ҳам вайрон шудани роҳро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Арчакаппаи ҷамоати Сурхоби ноҳияи Лахш рух додааст. Вай гуфт, “ҳамагӣ 10-15 метр роҳ вайрон шудааст.”

Ноҳияи Лахш дар шарқи Тоҷикистон ва дар марзи Қирғизистон ҷойгир аст. Ин ноҳия беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дошта, тайи беш аз як моҳи охир шоҳиди чандин офати табиӣ, аз ҷумлаи заминҷунбии батакрор буд. Мақомот дар оғози моҳи майи имсол гуфтанд, ки бар асоси ҳисобҳои аввалия дар пайи заминларза дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ду хона пурра, чор хона ва як мактаб қисман зиён дидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи зилзилаҳо дастикам се хонавода аз ҷамоати Алғаи ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ҳамроҳ бо фарзандонашон ба Қирғизистони ҳамсоя рафтаанд ва эҳтимол дар оянда дар он кишвар бимонанд. Ин оилаҳо аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки манзили зисташон дар пайи зилзилаҳои охир аз фаромадани кӯҳпора осеб дидааст.

Сокинони ноҳияи Лахш мегӯянд, охири моҳи апрел ва аввали моҳи май тақрибан ду ҳафта пайиҳам замин ларзид ва онҳо аз тарси хароб шудани хонаҳояшон баъзан шабро дар берун рӯз карданд. Аз он пештар сокинони рустои Озодагон дар ноҳияи Лахш гуфтанд, ки сел манзили шаш нафари онҳоро бурда, даҳҳо хонаву дӯконро таҳти хатар гузоштааст.

Тоҷикистон дар зимистон ва аввали баҳори имсола шоҳиди барфрезӣ ва боронгариҳои шадид буд, ки талафоти ҷонӣ ҳам дар пай дошт. Дар зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG