Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзилаи 5,9 дараҷаӣ шарқи Тоҷикистонро такон дод


Соати 10:09 дақиқаи субҳи 5 май, зилзилаи сахт Тоҷикистонро ларзонд. Маркази зилзилашиносии Амрико ин зилзиларо "ниҳоят шадид" (Very strong) гуфтааст. Ба иттилои ин манбаъ, маркази ин зилзила дар шарқи Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) дар марз бо Қирғизистон будааст. Ба гуфтаи зилзиласанҷони амрикоӣ, шиддати зилзилаи рӯзи 5 май дар маркази он 5,9 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз ноҳияи Лахш гуфт, ки заминларзаи рӯзи 5 май аз зилзилаҳои ду рӯзи гузашта шадидтар буд ва чандин хона дар деҳаҳои Девона, Сарғой ва Қарамиқ вайрон шудаанд. Ба гуфтаи ин сокини Лахш, дар деҳаи Ғулама замин кафида ва бар асари рехтани санг аз кӯҳҳо роҳҳо дар бархе аз қисматҳо масдуд шудаанд. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки аз чанд рӯз ба ин тараф сокинон дар ин минтақа аз хавфи зилзилҳои пайдарпайи сахт дар берун аз манзилҳо хоб мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл низ дар Тоҷикистон зилзилаи сахт рух дод ва маркази он ноҳияи Лахш буд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, дар натиҷаи зилзилаи рӯзи 3 май, дар деҳаи Сарғойи ҷамоати деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидаанд.

Зилзилаи рӯзи 5-уми май дар Душанбеву Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва дигар манотиқи кишвар низ эҳсос шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG