Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди заминларза... Се хонавода аз Лахш ба Қирғизистон кӯч баст. ВИДЕО


Дар пайи зилзилаҳои ду ҳафтаи охир дастикам се хонавода аз ҷамоати Алғаи ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ҳамроҳ бо фарзандонашон ба Қирғизистони ҳамсоя рафтаанд ва эҳтимол дорад, ки дар оянда дар он кишвар бимонанд. Ин оилаҳо аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки манзили зисташон дар пайи зилзилаҳои охир аз фаромадани кӯҳпора осеб дидааст.

Шумораи дақиқи хонаҳои осебдида ҳанӯз ҳисоб нашудааст, аммо сокинон аз хароб шудани даҳҳо манзил хабар медиҳанд.

Сокинони ноҳияи Лахш мегӯянд, ки ду ҳафта боз дар ин минтақа замин меларзад ва сокинон аз тарси хароб шудани хонаҳояшон шабро дар берун рӯз мекунанд. Дар пайи ду заминларзаи қавӣ дар рӯзҳои 3 ва 5-уми май манзили сокинони беш аз панҷ деҳа дар ноҳияи Лахш зиён дидааст.

Баъди зилзилаҳо дар ноҳияи Лахш бархе аз сокинон ба Қирғизистон ҳиҷрат кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

Давлат Маннонов, раиси ҷамоати Алғаи ноҳияи Лахш, рӯзи 11 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонаводаҳое, ки деҳаро тарк кардаанд, аз хавфи такрори зилзила ва оқибатҳои он рафтанд. Вай афзуд, “айни ҳол се оила барои ошно шудан бо шароити зиндагӣ ба Қирғизистон рафтанд. Аммо расман худро аз қайд набаровардаанд. Онҳо баъди ошно шудан бо вазъияти онҷо тасмим мегиранд, ки бикӯчанд, ё накӯчанд.”

Шумораи дақиқи хонаҳои осебдида ҳанӯз ҳисоб нашудааст, аммо сокинон аз хароб шудани даҳҳо манзил хабар медиҳанд. Қутбиддин Муродов, роҳбари Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Лахш, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло комиссияи ноҳиявӣ машғули ҳисобу китоби зиёни расида ба манзили сокинон аст. Айни замон гуфта наметавонем, ки чанд хона вайрон шудааст. Вақте комиссия ҳамаи маълумотро ҷамъбаст кард, ҳатман ба расонаҳо иттилоъ медиҳем.”

Ноҳияи Лахш дар шарқи Тоҷикистон ва дар марзи Қирғизистон ҷойгир аст. Ин ноҳия беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дорад. Бахши аъзами сокинони ҷамоати Алғаи ин ноҳия қирғизтаборҳо ҳастанд, ки дар тарафи муқобили марз дар Қирғизистон хешу табор доранд.

Маркази зилзилашиносии Амрико мегӯяд, шиддати заминларза дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки тақрибан ҳар рӯз дар соатҳои мухталиф мушоҳида шудааст, аз рӯи ҷадвали 12-баллии Рихтер – аз 4 то 5,9 дараҷаро ташкил додааст.

Видео: Такрори заминларза дар Лахши Тоҷикистон

Такрори заминларза дар Лахши Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:27 0:00

Дар Тоҷикистон, ки дар як минтақаи зилзилахези ҷаҳон ҷойгир аст, донишмандон ба сокинон машварат медиҳанд, ки ҳангоми вуқӯи зилзила ба воҳима дода нашаванд. Аз ҷумла, Собит Неъматуллоев, муҳаққиқи собиқадори зилзила гуфт, ки ларзиши замин як падидаи табиӣ аст ва дар фосилаи ҳар 10-12 сол тағйирёбӣ дар қишрҳои замин мушоҳида мешавад. Эҳтимол ҳоло ҳам чунин як ҷараёне мушоҳида мешавад.

Баъзе аз сокинон дар хайма зиндагӣ мекунанд
Баъзе аз сокинон дар хайма зиндагӣ мекунанд

Мутахассисони ҳолатҳои фавқулода ба сокинон машварат медиҳанд, ки ҳангоми ларзиши замин беҳангомаву тарс муҳимтарин чиз – санадҳои худро ба даст гирифта, ҳамроҳ бо кӯдакону пиронсолони хона ба ҷои амне дар кӯча ё хиёбоне дур аз бинову сохмонҳои баландошёна бираванд. Дар ин сурат пешгирии фоҷеа дар миёни инсонҳо шонси зиёд дорад.

XS
SM
MD
LG