Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтори нав мардумро аз офатҳои табиӣ ҳимоят мекунад


Бо таъсиси Оҷонсӣ оид ба ҳифзи муҳит зист, Бунёди Оғохон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дунболи кам кардани осебпазирии мардум аз офатҳои табиӣ шудааст. Ҳамасола дар пайи обхезӣ ва омадани сел, садҳо манзили зисти сокинон осеб дида, иқтисодиёти Тоҷикистон зиён мебинад.

Ҳодӣ Ҳусайнӣ, мудири иҷроияи ин ниҳод дар Осиёи Марказӣ рӯзи 5 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи Оҷонсии Оғохон оид ба ҳифзи муҳити зист ин аст, мардум то ҳадди мумкин аз хатари офатҳои табиӣ дар амон бошанд: "Ҳамчунин талош мекунем, ки сокинони минтақаҳои пурхатар дар сурати рух додани офатҳои табиӣ дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Ба ин тартиб, хадамоти иҷтимоӣ ва молӣ ҳам ироа мекунем, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагӣ мусоидат мекунанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳусайнӣ, ҳарчанд будҷаи ин ниҳоди тозабунёд мушаххас нашудааст, аммо барои амалӣ кардани тарҳҳои худ аз шариконе чун ҳукумати Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо, Барномаи Амрико оид ба Рушди байналмилалӣ, ҳукумати Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ кӯмаки молӣ дарёфт хоҳад кард: “Буҷаи мо аз сӯи шарикони мо вобаста ба фаъолиятҳое, ки қарор аст анҷом бидиҳем, мушаххас ва таъйин мешавад.”

Ҳодӣ Ҳусайнӣ афзуд, ин оҷонсӣ гурӯҳҳои наҷотбахши минтақаҳои хатарнокро омӯзиш медиҳад, то тавонанд дар лаҳзаҳои аввали ҳолатҳои изтирорӣ, ба мардум кӯмак кунанд: “Инҳо гурӯҳҳое мебошанд, ки ҳангоми ҳолатҳои изтирорӣ дар рустоҳо метавонанд маводи мавриди ниёзе, ки мо дорем, ба аҳолӣ бирасонанд ва дар заминаи иртиботот, кӯмак кунанд. Дақиқаҳои аввали ҳолатҳои изтирорӣ аз муҳимтарин лаҳзаи он мебошанд.”

Ба гуфтаи ин масъул, ниҳодҳое чун Хадамоти Оғохон оид ба барномарезӣ ва сохтмон, Созмони башардӯстонаи “ФОКУС” ва Барномаи мудирияти хатари офатҳои табиӣ, шомили Оҷонсии Оқохон оид ба муҳити зист мебошанд. Ҷаноби Ҳусайнӣ афзуд, ки бо ниҳодҳои давлатие чун Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Геологияи тоҷик, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ниҳодҳои дигаре, ки бо муҳити зист робита доранд, ҳамкорӣ мекунанд.

​Дар тими ин ниҳоди нав, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар кишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон фаъол мебошад, 450 нафар кор мекунанд. Ҳусайнӣ дар мавриди майдони фаъолияти ниҳоди зери сарпарастиаш гуфт, онҳо мавзеъҳое доранд, ки онҷо сармоягузорӣ мекунанд ва вақте мутмаин шуданд, ки таҷрибаашон дар онҷо воқеан муассир ҳаст, онҳоро дар ҷойҳои дигар такрор мекунанд, вале, ҳадафи онҳо ҳузур пайдо кардан дар саросари кишвар аст.

Таъсиси ин ниҳод дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои осебпазир аз офатҳои табиӣ, ба мисли обхезӣ, баланд шудани дамои ҳаво ва зилзила, ба шумор меравад. Масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон соли гузашта теъдоди заминларзаҳоро 11 ҳазор гуфтанд.

Тоҷикистон тайи солҳои ахир чанд бор шоҳиди зилзилаҳои харобировар будааст. Аз ҷумла дар соли 2015 бар асари заминларза дар рустоҳои Ғудара, Нисур, Рухч, Дерхуд, Баррӯшон, Деррӯшон, Вамд ва маркази ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, беш аз 200 манзил пурра ва 832 хонаи дигар қисман хароб шуда буданд. Дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии атрофи Душанбе низ ҳамасола даҳҳо манзили зисти сокинон ва майдони кишти зироат осеб мебинад.

Абдулҳамид Қаюмов, масъули тарҳи “Тағйирёбии муҳити зисти Тоҷикистон”, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ бо ишора ба таҳқиқотҳои худ ва Бонки ҷаҳонӣ гуфт, воқеан, Тоҷикистон кишвари аз офатҳои табиӣ осебпазир аст. Ба ин тартиб, оқои Қаюмов таъсиси Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зистро зарурӣ хонд. Ӯ гуфт, обхезию селфароӣ аз аслитарин офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки ба молу ҷони сокинон ҳамеша хатар эҷод мекунанд: “Ин асоси илмӣ дорад. Ҳам мувофиқи тадқиқотҳои ман ва ҳам нишондодҳои Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон осебпазиртарин кишвар дар Осиёи Марказӣ мебошад.”

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ талош дорад, то хатари офатҳои табииро камтар кунад. Созмони бритониёии "Оксфам" ва созмони Ҳамкории Олмон дар ин замина солҳо боз кор мекунанд. Тасмими бунёди Оғохон барои таъсиси бахши ҳифзи муҳити зист, ки Тоҷикистонро низ дар бар мегирад, дар ҳолест, ки созмони Ҳамкории Олмон, талош дорад ҷангалзорҳои аз байнрафта дар Тоҷикистонро барқарор кунад.

Дар Тоҷикистон ҳоло 1 миллиону 333 ҳазор гектар ҷангал боқӣ мондааст, ки се дарсади масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар тобистону тирамоҳ ба Тоҷикистон чангбоди зиёноваре бо номи “тундбоди афғонӣ” ҳуҷум мекунад, ки ҳам ба сиҳатии сокинон ва ҳам ба муҳити зист зиён мерасонад. Тундбоди “афғонӣ” гоҳо то як ҳафта фазои Тоҷикистонро ғуборолуд нигаҳ медорад.

Коршиносони Ҳамкории Олмон ё GIZ мегӯянд, ин гуна тундбод, ки ба обшавии пиряхҳо низ сабаб мешавад, аз байн рафтани ҷангалзорҳоро ҳам вусъат мебахшад. Созмони GIZ умедвор аст, дар пайи роҳандозии барномаҳои онҳо мешавад аз фоҷиаҳои азими табиӣ барои наслҳои баъдии Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард, чун мегӯянд онҳо, "ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба маънои ҳифзи табиати як гӯшаи ҷаҳон аст".

Кӯмакҳои созмонҳои байналмилалӣ барои ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистонро масъулони ин тарҳҳо дар он медонанд, ки ин кишвар низ ҷузви ин сайёра аст ва осеб дидани муҳити зисти он метавонанд ба кишварҳои дигар низ осеб бирасонад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG