Пайвандҳои дастрасӣ

Боз гармӣ ва боз сел? Номаи таъҷилии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз рӯзи 3 август дар минтақаҳои кишвар ҳаво дубора гарм шуда, дар пайи он омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон кулли ҷузъу томҳояшро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дубора ба ҳолати омодабош қарор додааст. Чунки Маркази давлатии обуҳавосанҷӣ гармшавии дубораи ҳаворо дар кишвар пешбинӣ мекунанд, ки метавонад боиси якбора баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар минтақаҳои кишвар шавад.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 2 август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мувофиқи маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии мамлакат 3 август гарм шудани ҳарорати ҳаво, баланд шудани сатҳи дарёҳои Ғунд, Ванҷ, Панҷ, Бартанг, Язғулом, Вахш, Зарафшон ва эҳтимоли омадани сел дар як қатор ноҳияҳои кӯҳсор пешбинӣ шудааст.”

Аз ин рӯ, ба қавли Нозимов ба ҳамаи ситодҳои Кумита дар шаҳру навоҳии кишвар дастур дода шудааст, кидар ҳолати омодабош қарор бигиранд. Тибқи пешбинии Маркази давлатии обуҳавосанҷӣ сар аз 3 август дар кишвар болорави дамои ҳаво дар назар аст. Бинобар пешбинии ин марказ ҳарорати ҳаво дар вилояти Бадахшон пас аз 3 август метавонад то 26−29 дараҷа гарм шавад, ки барои ин минтақаи баландкӯҳи кишвар аз меъёр зиёд аст. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ, Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон метавонад то 41 дараҷа гарм шавад.

Ориф Нозимов афзуд, бо назардошти ин пешгӯии Маркази обуҳавосанҷӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонон низ даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат аз сафар ба мавзеъҳои душворгузар, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ, шикор ва ҳама гуна саёҳат дар кӯҳ худдорӣ намоянд.

Нозимов гуфт, аз оғози мавсими оббозӣ дар соли ҷорӣ алакай 54 нафар ғарқ шудаанд ва аз ин рӯ аз сокинон, ки дар рӯзҳои гарм бештар ба оббозӣ машғул мешаванд, даъват мешавад, дар мавзеъҳое, ки қобили оббозӣ нестанд, шиноварӣ накунанд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар мавриди эҳтимоли хатари ҷорӣ шудани селу обхезӣ дар бархе аз ноҳияҳои кишвар дар ҳолест, ки дар пайи ҷорӣ шудани селу лағзиши замин аз 16 то 23 июл дар шарқи Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расида ва панҷ тани дигар беному нишон гаштанд. Ҳазорҳо нафар дар пайи офатҳои табии ахир зарар дида ва мизони хисорот ҳудуди 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG