Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Тоҷикистон ду хонаро қисман вайрон кард


Субҳи 3 май зилзилаи сахт Тоҷикистонро такон дод. Бино ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, ин заминларза соати 9:49-и вақти маҳаллӣ рух дод. Ба гуфтаи манбаъ, маркази ин зилзила минтақаи Қаракенҷаи ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон будааст.

Шиддати зилзила дар маркази он 6 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст. Сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин) дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шиддати зилзила сангҳо аз куҳҳо фурӯ рехтанд ва барои чанд дақиқа атрофро ғубор фаро гирифт.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, дар натиҷаи зилзила дар деҳаи Сарғойи ҷамоати деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷойи ҳодиса ситоди ноҳиявӣ фаъолият дорад.

Дар Душанбеву Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва дигар манотиқи кишвар низ шиддати ин зилзила эҳсос шудааст. Дар Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шиддати зилзила 3 дараҷаро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG